Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Имрўз панҷоҳу нўҳсолагийи устод, як навъ машқ ва омодагӣ баройи ҷашн гирифтани шастсолагӣ. Баройи ҳамин аз пири кор, амакамон Холмурод Шарипов хоҳиш мекунем кушойиш диҳанд».
Холмурод Шарифзода: Ҳар кас ба хонайи касе меҳмон гардад, як фурсати зиндагиашро монда меравад. Афзалшо хуш фармуд: як садойи тайёрӣ ба ҷашни шастсолагӣ. Ин ҷо ҳама аъзойи ҷашни тадорукот. Ҷашни панҷоҳсолагийи Лоиқро ҳамроҳи Алиакбар аз Кўлоб сар карда будем...
Лоиқ: (Луқма.) Аз колхози Абдуҷаббор Зардиев.
Шарифзода: Ҳама чиз андоза дорад, меҳр андоза надорад, махсусан ба Лоиқ. Бисёриҳоро шоири халқӣ мегўянд, лекин халқ як шеърашонро намедонад. Шеърҳойи Лоиқро хурду калон аз ёд мехонанд. Дўстон! Касе додар шудан хоҳад, мисли Лоиқ шавад.
Касе мард шудан хоҳад чун Лоиқ шавад!
Фазлиддин: Мо ташаббускор шудем ба кумитайи тадорукот.
Зеро Лоиқ ба дилу дидайи мо ҷой ҳастанд.
Сабзалӣ Сўфиев: Ҳазорҳо бор шукронайи будани Лоиқшоҳ.
Ба бахти миллати мо Лоиқро худо офарид. Нагуфта намонад, ки Лоиқро халқ Лоиқ кард. Қулла баланд, аз дур наздик метобад. Ин қуллайи баланд ба осмон наздиктар аст. Лоиқ – қулла...
Алиакбар: Холмурод Шарипов ва акайи Сабзалӣ хеле хуш фармуданд. (Шўхиомез.) Фон деҳ! Як зарра хок будем, домони устодро гирифтем, халқ шинохт. Лоиқ соябони сари мо бошанд.
Сабзалӣ (Луқма.) Мо ҳамроҳи Лоиқшоҳ дар ошхонайи Коми-
1 тети Марказӣ хўрок мехўрдем. Салоҳиддинов омад. Ман гуфтам:
«Баройи 20 май менўшем!» Салоҳиддинов пурсид: «Дар 20 май чӣ гапай?» Гуфтам: «Зодрўзи Лоиқ. Ба 50 медарояд.» Салоҳиддинов фармуд: «Ин хел бошад, оргкомитет ташкил мекунем.»
Афзалшо: Устод Лоиқ олиҳиммат: дар зодрўзашон як гова ба Ашўр Сафар тақдим карда буданд.
Лоиқ: (Луқма.) Нишаст доштем. Пода мегузашт. Як говро ба Ашўр Сафар тақдим кардам. Аз ман чӣ мерафт? Баъд гўштин рафтем. Менишастем. Як кулўх омада ба сари ман зад. Мардаке омад. Ба ман як гов тақдим кард. Ман гуфтам: Ба хонайи акайи Ашўр мебарем. Ақаллан пўсташ мерасад. Баъде ки омадем, на Ашўр гирифт, на мо.
Афзалшо: Ин ҷо дўсти кўҳнайи устод Лоиқ Абдуҷаббор нишастаанд. Ба хонаашон рафта, баройи Холмурод Шарифзода майи «Орзу» оварданд. Номи писари амакам Орзу...
Лоиқ: (Луқма.) Орзу тамомӣ надорад! (Ханда.)
- Райиси ҳизби коммунистийи шаҳр Абдуҷаббор: Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз мардони абадзинда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор