Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Баройи чӣ? Баройи он, ки насле ки устод Турсунзода сохт, офарид, баройи миллат хидмат кард.
Комрон шишайи оби ҷав ва ду соғари аз роҳ харидаро бурда паҳлўйи амакаш сари борайи паст гузошт. «Ҷовидон, медонӣ, ки мо бо додот қалам зада, қадам зада калон шудем? Ту ҳам ҳамин хел калон шав, ҷовидон шав!.. Ҳоким, устода гўй, дуртар равад!
Гапама гум мекунам.»
Ва ман дур рафтам. Садойи ў паст- паст меомад:
«Ман бо устод Сорбон ҳамдарсем, ҳамдавраем, ҳаммаслакем, ҳамҷодаем. Ба қавли кўҳистониҳо ҷўраҳойи ҷамолакӣ ҳастем.
Соли 54 дар омўзишгоҳи омўзгорӣ ҳамроҳ хондем ва баъд дар радио ҳамкор будем. Инҳо ҳама як тараф, аммо Сорбон ба ҳайси як нависандайи саркаш ва пурғурур... дигар хел гўям, ман агар дар шеър як мартабае ёфта бошам, устод Сорбон дар наср... ҷояш мусаллам аст. Ва як шўхӣ: агар қабул доранд мардум; ман ҳамеша маст будам, Сорбон ҳамеша ҳушёр буд. Ман дар чанд ҷо хостам ин ҳарфро гўям, аммо... ҳамеша дар паҳлўйи ман буд ва ман ҳам дар паҳлўйи ў будам. Зеро назму наср ҳамеша паҳлўйи ҳам ҳастанд. Якдигарро такону такмил медиҳад, пурра мекунад.
Чунон ки дар шевайи мардум мегўянд, ҷўраҳойи ҷамолакӣ ҳастем.
Зиёда аз ин, мо қурбони якдигар ҳастем. Ман қурбони Сорбон ҳастам, Сорбон дар ҷое лозим шуд, қурбони ман буд. Бидуни ақидаҳо; ақидаҳомон баъзан тафриқа дорад, аммо мо паҳлўйи ҳам ҳастем, дар назму дар наср, намедонам, чӣ корҳо кардем, накардем, инро халқ қазоват бикунад. Аммо ман то рўзе ҳастам, Сорбон дар паҳлўйи ман ҳаст, мо дўстони хунпайванд ҳам шудем.
Ва ман мегўям, ки ў чӣ гуна нависанда ҳаст: Сорбон нависандайи воқеан боасолат аст, нависандайи асил аст. Ҳар чӣ медонад, ҳар чӣ мушоҳида кардааст, ҳар чӣ ба назари вай мерасад, баройи насри бузург истифода мебарад. Хушбахтийи ман ин аст, ки бо ҳамин хел нависанда унс дорам. Нависандае нест, ки бо ин майда-чуйдаҳойи зиндагӣ кор дошта бошад, бо насри бузурги ҷаҳонӣ кор дорад. Нависандайи бономус аст, баройи миллат кор кард, ҳар коре кард, хоҳ хом буд, хоҳ пухта буд, баройи миллат кор кард; як навъ барангехтани рўҳи миллӣ дар ҷомеайи мо буд. Мақсад ҳамин буд. Аслан мақсади нависанда ҳамин аст. Мақсади шоирӣ ҳам ҳамин аст. Ва ман иқдоми Сорбонро ба иншойи «Достони писари Худо» табрик мегўям, саҷда мекунам. Пурра нахондаам, нияташро медонам. Зеро як нависанда дар тамоми умраш як асар менависад, як асар: ман хаёл мекунам, ки ҳамайи машқҳойи ҷавониашу солориашу миёнсолиаш баройи иншойи ҳамин «Достони писари Худо» буд. Хаёл мекунам, ки ин қуллайи офаринишҳойи Сорбон мешавад. Як нуктаро мегўям, ки Сорбон дар зоти худаш нотакрор аст. Баройи чӣ? Баройи он ки дар ҳеҷ маслаку мазҳабе ҳамроҳ набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор