Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Бори охир моро ба ин манзил домоди бузургаш Комрон оварда буд. Ман ҳайрон монда будам аз чунин рафтори писарам, ки ба назар, ба чунин чизҳо эътибор намедиҳад. Хомўш, ором, ба сад даҳон пурс ё «ҳа» мегўяд ё «на», чӣ шуд, ки якбора майли дидори амак ва сўҳбати ўро кард. Рўзи истироҳат буд. Ҳокими Азизро овард ҳамроҳи наворбардори телевизион ва аз ман хоҳиш кард, ки ба амакаш занг занам ва бурун равем аз шаҳр. Лоиқ хоҳиши моро пазируфт. Аз шаҳр бурун рафта натавонистем. Вақти наҳор буд. Аввал ба тарабхонайи «Лучоб» даромадем. Ҳоким зиёда аз соате бо Лоиқ сўҳбат орост. Устод оби ҷав талаб карданд. Комрон ҳама чизро муҳайё сохт. Лоиқ баъди наҳор хўрдан хоҳиш кард, ки манзили устод Мирзо Турсунзодаро зиёрат кунем. Он ҷо шудем. Гунбаду гўр ва нимпайкарайи устодро зиёрат кардем. Пасон Лоиқ кавш аз пой афканда, бараҳнапой рўйи мармару регу сабзаҳо гашт, чунон ки одат дошт, попўш низ мекашид дар ҷойҳойи дилаш кашида: хонайи мо, хонайи Шарифбек, хонайи Фарҳод, ба вижа дар хонайи модарарўсу Қоришариф. Рў ба рўйи гунбади мармарини гўрхонайи устодаш, сари марзайи сангӣ нишаст ва ба хаёл рафт: яқин бузургийи устод, қиёфайи зебойи ў, холи сари абрў ва хушгўйиҳояшро ёд меовард... Ва мегуфт:
«Ман эътиқоди фарзандӣ ва шогирдӣ дорам ба устоди бузургвор Мирзо Турсунзода. Насли мо дар ҳунар, санъат, адабиёт; умуман фарҳанг бе шафоъати устод Турсунзода як қадам пеш нагузоштанд ва гузошта наметавонистанд. Замоне номи Турсунзода номи Тоҷикистон буд. Ва имрўз нохалафҳое пайдо шудаанд, ки номи Турсунзодаро мехоҳанд каме паст зананд. Ман мегўм: онҳое, ки номи Турсунзодаро паст мезананд, худашон паст ҳастанд... Ҳар замон фарзанди худаша дорад... Ман охирин шеърҳойи устоди бузургворро аз расмулхати арабӣ ба крилӣ мегардондам. Яке аз мулоқотҳойи охирини мо ҳамин буд, ки як қитъа хонданд, ман навиштам. Гуфтанд, ки инро чоп накун.
«Бар сари гўрам биёйӣ, маст ою маст рав,
Ҷом дар ин даст о, ҷоми дигар дар даст рав.»
Ин қитъа дар бойгонийи ман ҳаст. Ман сабт кардаам, ки фалон рўз буд, устод ин тавр фармуданд..
— Агар насли мо, насли солҳойи шастум, ба ҷое расида бошад, ба имдод ва фотиҳа ва иршоди устод Турсунзода расид.
Кўрнамакҳо ҷавобашона мегиранд аз таърих; таърих кори худаша мекунад.
Устод қаҳрамон буданд, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ буданд. Ман ин унвонро дигар хел тарҷеъ медиҳам: Қаҳрамони миллат буданд. Он вақт дар борайи миллат сухане набуд. Ва қаҳрамони миллат хоҳанд буд. Ва агар инони замон як навъ меҳрубонӣ кунад, қаҳрамони миллат бояд устод Мирзо Турсунзода бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор