Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва мардум байте дилхоҳ хуш карда наметавонанд.
Боз меоянд назди ў.


Завқе надорад ба чизе, хуш надорад сўҳбати касеро; гирифта ва ноҷўр метобад. Зери чашмонаш халта гашта, обиларо монад.
Чеҳрааш андўҳ гирифта. Ҷуз худаш касе надонад, ки чӣ рух дода.
Касе надида чунин музтарибҳол ўро. Ранҷидаро монад:

«...Мо ду ношукри муҳаббат
Ишқро бадном кардем.
Ў зи ман ранҷиду ман ранҷидам аз ў,
Ишқро ноком кардем.
Ў зи ман бигзашт, то ёбад беҳ аз ман ошиқе,
Ў маро рад кард, то ёбад беҳ аз ман мушфиқе.
Лек медонам, ки ў ҳаргиз намеёбад дигар
Лоиқе чун Лоиқе...»

Ва он рўзҳо кўча гаштани Лоиқ хавф дошт. Ҳар дўсту ошно ўро маслиҳат медоданд, ки танҳо ё беҳуда нагардад. Вале Лоиқ аз ният ва дили поки хеш ҳеҷ хавфро дарку эҳсос намекард ва озод мегашт. Месаройид:

«Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шўри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо,
Ало, Албурзи побарҷо, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Басо шеъри тари дунё бувад андар лаби дарё,
Ало, шеъри тари дарё, маро ту зинда хоҳӣ дошт...
Дилам рўзе агар аз дарди шеъру ишқ мемирад,
Ало, ишқи ҷаҳоноро, маро ту зинда хоҳӣ дошт...
Ало, Девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,
Ало, Девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт.»

«Зиндайӣ?» пурси дўстон буд дар он рўзҳо, ки баробари зиндаву саломат дидани якдигар хушнудӣ мекарданд. Воқеан зинда дарёфтани дўстони дерин ҳамдигарро хушбахтийи беназир буд.
Баъзан Лоиқ посух нагуфта онҳо ин байтро мехонданд:

«Ало, Девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,
Ало, Девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт!»

Лоиқ бемаргу анўша будани хешро чунин мебинад ва биме надорад аз касе, аз нокасе, аз нохалафе.

пешина
аз 428
навбатӣ