Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чойи талх он қадар безобита гардонд, ки на хоб дошт, на қарор. Фикрҳо, ангораҳо, ибораҳо ба сар омада буданд, аммо тамкину нерў ва хуши навиштан намонда буд. Фароғате лозим, ки ҳама чизро ҷо ба ҷо гардонад ва боз шоир бинависад. Вале нанавишт. Балки дафтари «хазина»-ро бардошт ва рўбардори «Маснавийи Маънавӣ»-ро хонд. Хати мушкилхони худаш, ки гоҳи мутолиайи «Маснавӣ» аз хати порсӣ баргардон карда писандтарин порчаҳоро навишта буд, завқашро овард, ки касе хонда натавонад ин «шикаста»-ро. Вале худаш бехато мехонад. Зеро Лоиқ ҳама чизро на аз рўйи ҳарф, балки аз рўйи маънӣ мехонад ва аз ҷумлаҳойи аввал навишта хуш наояд, мепўшад дафтар ё китобро.
Ба хусус, ки асар иддаое дошта бошад ва унвону мукофот талаб кунад. Пасон хешро коҳиш мекунад: «Ман даъво кардам аз минбари анҷуман, ки то фулониҳо номи «шоири халқӣ»-ро нагиранд, ман нахоҳам гирифт. Баъд фач шуд.» Лоиқ баъди Айниву Лоҳутӣ шояд ягона шоире бошад, ки мероси адабийи классикони моро мутолиа кардааст ва баҳра бардоштааст.
Посе аз шаб мегузарад, ў бедор; мурғон бонг мезананд, ў бедор ва тамоми шаб бедор. Дами субҳ хобаш наояд ҳам, ба ҷогаҳ медарояд ва ғел мегардаду ғел; андешаву ангора дорад. Чун ғанабаш бурд, наъра мезанад, баъзан гуфтор мекунад. Ва агар бедор шавад, ба хестан хуш надорад, шеър мебофад; ё тағаззул меёбад ё матлаъ ё мақтаъ, вале ҳусни тахаллус намекобад. Медонад, ки хонандагон шеърҳойи ўро аз мазмуну шаклу ибораву ифода, таззоди сухан ва забони фасеҳу равонад хоҳанд дарёфт. Нонаш ҳалол Лоиқро, аммо хобаш – ҳаром.
Вале мардуми пурғам, зудхобу саҳархези тоҷик фаросаташон намерасад ба чунин тартиб; саҳари барвақт ва ё шоми новақт дари ўро мекўбанд ва тугмайи занги дарро пахш мекунанд.
— Устод лозим...
— Устод нав хоб карданд...
— Бедор кунед, бисёр зарур.
— Чӣ зарурате? Гўед, бедор шаванд, ман мерасонам.
— Не, ба худашон бояд гўям.
— Баъдтар биёед! Ё даромада шинед...
Ва ў даромада шишт. Дер нигарон шуда, чунин гуфт:
— Муаллим дер мехестен-дия. Гапама гўям монам; ҳардуятон як одам-ку! Бачча як беақлӣ карда, ба дасти орган фуромадас...
— Устод аз пайи чунин корҳо намераванд...
— Чӣ хел? Ҳамин қадар одами калон шуда?
— Калон, ки ҳастанд, аз пайи ҳар майда-чуйда намегарданд.
– мефармояд Зебинисо.
Баъд зиёд меоянд назди ў, то ба санги гўри пайвандонашон катиба нависад. Бисёр байтҳо гуфт, зиёд пораҳо навишт; кор то ҷое расид, ки баройи ҳоҷатбарорӣ китоби «Катибаҳойи санги гўр»-ро ба чоп расонд.

пешина
аз 428
навбатӣ