Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зебинисо аз рўйи одат чойи кабуди талх дам карда овард ва чойник рўйи мизи корийи шоир гузошта хомўш баромад, то риштайи хаёли ў халал напазирад. Ҳамин гуна рамуз гирифтааст ва одат дорад, ки набояд халалгор гардад шоирро. Чуну чарояш кам. Зеро медонад, ки пурси ноҷо ва сухани беҷо дилтанг гардонад офаридгори шеърро ва ноҷўр шавад табъаш. Аз ин рў ба майлу рағбату мизоҷи шавҳар мувофиқ рафтор мекунад. Мешавад лаҳзаҳое ки ғами ўро бо хандаву сухани хуб рафъ менамояд; ба яки шў ду намегўяд. Бисёр шудааст, ки поси аввали шаб ё поси дигари шаб ман Лоиқро ба хонааш овардаам аз базму шабнишиниҳову сўҳбатҳо ва Зебинисо аз хоби хуш хеста ва ё нигарони ў буда, хуш пазируфтааст ва баробари «Қозикалон!» гуфтани шоир «Лаббай!» посух додааст. Яке аз бурдҳойи шоир зани порсо ва бовафо доштани ўст...
Лоиқ баъди чанд пиёла чойи талх хўрдан хобпар шуд ва ба айвонча баромада «президент»-ро оташ дод. Фикраш тез, хунаш тез, вуҷудаш дамида, хаёлаш дар парвоз буд, вале хотири тезаш ҳама чизро дар мағз сабт карда наметавонист. Дастгоҳе лозим буд, ки мағзи сари ўро аксбардорӣ кунад. Дуди сигарет аз миёни лабонаш бурун мерафт ва боре ў андеша накардааст, ки он дудҳо куҷо мераванд. Вале пеши назари ўро бинойи қоматафрохта мегирад ва намегузорад ў дуродурро бинад. Фазойи танги иморати гирда уфуқро аз чашми ў пинҳон медорад. Ситораҳоро пардапўш мекунад, ки хуш наояд Лоиқро. Ҳама чизи пинҳонӣ, норавшан, мастур ва зери саҳобу ниқобро бад мебинад, аз ин рў ҳама кораш ошкоро ва ҳама суханаш руйирост бувад. «Дар фазойи кўҳистон ва деҳот ситора дигаргуна тобад» мушоҳидайи зиёдро боз ёд овард. Ва восўхтайи сигаретро ба паст наандохт, балки баргашта ба хокистардон пахш карда кушт ва боз чойи талх ошомида, варақҳойи зиёди рўйи мизро як-як аз назар гузаронида, баъзе байту мисраъҳоро ба дафтар бардошт ва боқӣ ҳамаро дарронд.
Шеърҳойи зиёдеро, ки замоне гуфтаву ҳоло нописанд бошанд, афканд ба сабад. Ҳоло дар он коргаҳи шоирӣ Лоиқ буду шоир ва баъзе нигоштаҳойи шоир хуш намеомад Лоиқро. Ў навиштаҳойи худро аз назар намегузаронд, балки эҷоди шоиреро мехонд ва муқойиса мекард бо офаридаҳойи Бузургон аз Рўдакӣ то Лоҳутӣ ва медариду меафканд навиштаҳояшро ва бо ин ақлу андўхта кўдак будан мехост, то шоириро аз нав оғозад. Зиндагиро на, зеро аз зиндагиаш розӣ буд, балки шоириро аз нав сар кунад ва он чӣ даҳ-понздаҳ сол пеш гуфтан имкон надошт, бигўяд. Вале касе ба умқи фикр ва андешайи ў нарасад. Фарохгир ва жарфрав бувад фикраш ва бикр.

пешина
аз 428
навбатӣ