Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Оварданд ҳар гуна тахминҳо ва бофтаҳо ва шунидаҳо ва хоҳиш карданд, ки Лоиқ аз Душанбе биравад ба ягон шаҳри дигар. Ҳатто сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби оғойи Алиашрафи Шабистарӣ хоҳиш кард, ки ўро ба Эрон бубарад. Лоиқ рад кард:
«Ба ҷое нахоҳам рафт, агар бимирам, дар Душанбе бояд бимирам...» Зеро ў «Ушшоқи Душанбе»-йи ободонро навиштааст ва дилбастагийи зиёд дорад ба ҳар бурҷу борайи он, кўчаву хиёбонҳо, буни минбару шаҳнишинҳо, базмгоҳу тарабхонаҳо; сари сангу буни бутта, лаби рўду марғзорҳойи Варзоб, зери обшору канори харсангҳо қадамгоҳи ўст. Агар аз ин ҷо биравад мисли бисёр фирориҳо насими Варзоб, софийи Сиёма, таровари Замчирўд, бозийи чашмрабойи моҳиёни ҳавзи бўстонсаройи адибон, сўҳбату нишасти гаштаки дувоздаҳ танро гум мекунад. Ва ватанро гум мекунад ва ёронро, ва дўстонро ва хонаву дарро. Анҷом ва фарҷоми ин чизро ў хуб медонад...
Алам аз сигор мегирад, кайфар аз шароб мебарад. Он қадар месўзад аз алам, аз сўхтаҳойи кишвар, аз дудаҳойи деворҳо, ки пўсти рўяш дудкарда метобад. «Фарёди бефарёдрас» менависад.
Ва аммо фарёди ў ба баъзе гўшҳо расид: президенти кишвар ўро ҳамроҳ гирифт ба сайру саёҳатҳо, туфайли телевизион намойиш дод ба мардум ва ҳокими шаҳри Душанбе хондаш ба ҳар маҳфилу маҷлис ва намуд мардумро, ки мо Лоиқ дорем...
Танҳо чунин лаҳзаҳойи рўзгори Лоиқро, ки бе ман мегузашт, намедонистам ва ў одате дошт, ки аз чунин ҳолатҳо даҳон намекушод. Дар сабқати телевизионӣ, ки ба шарафи 70-умин солгарди таъсиси радиову телевизиони тоҷик сохта буданд, мо «Шоҳномахонӣ» мекардем ва якрост намойиш медоданд. Он рўз бояд президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонов ба Хонайи Радио омада, кормандонро табрик мекарданд. Омаданд гоҳе ки мо хондан доштем. Қатори дигарон бо мо низ дастфишорӣ карданд. Муддате гузашт ва райиси Кумитайи радиошунавонӣ ва телевизион Сайф Раҳим омада, Лоиқро ба сўҳбати президент хонду бурд ва ман танҳо мондам. Дер нишастам танҳо. Бекор низ будам. Китоби «Шоҳнома»-ашро бо худ гирифта ба ҷояш сатре навишта рўйи миз гузошта рафтам. Ва надонистам, ки чӣ гуфторҳо шуд он ҷо.
Паҳлўйи танҳогардиҳойи Лоиқ то ҳанўз бароям тира бувад ва надонам, ки чӣ шуда ҳолиё бо ў.
Диламро гургон тала мекунанд ва дуздида-дуздида ба ако менигарам. Ба назарам мағз андар мағз дуд мекунанд ва яктаҳи рах-рахро сахт ба сари зону медоранд, ки чин-чин гашта. Ба пости нозирони роҳи Чорбоғ наздик мешавем, ки онҳо ошиқи дарайи Варзоб Лоиқро хуб мешиносанд ва шояд пайғоме бароямон гўянд.
Аммо онҳо хомўшанд. Пас Лоиқ сиҳҳату саломат аст. Замоне пеш буд, ки Алиакбари Абдулло дар ин мавзеъ сармилиса буд ва ин роҳ ҳам аз ташвишу вазъи Лоиқ огоҳӣ дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор