Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Ҳама мукофотҳоро худатон мегиред!?»
Лоиқ баргашту садо ба овоз дод:
«Оре, Худо низ тарафдори зўр!»
Ва он рўз нахустмукофоти «Деваштич» Лоиқро насиб карда буд...
Райиси ҳукумати шаҳр Абдурашиди Мирзо кори дигаре низ ба нақша гирифтааст, ки шояд фаросати бисёр райисон нарасад. Дар паҳлўйи бинойи мармарийи ҳукумати шаҳр, буни девори Рашидӣ, растае бояд бунёд гардад, ки нимпайкараҳойи фарзандони бузург ва номдору фарзонайи панҷакатиро гузоранд. Қуръайи аввал ба номи фарзанди донишманди ин сарзамин Аълохони Афсаҳзод афтод. Соли гузашта ин марди доно ҳамроҳи мо Наврўзро дар диёри хеш ҷашн гирифт, вале то Наврўзи дигар напойид. Ҳукумати шаҳр қадрдонӣ карда, хотири отири ўро пос дошта, дар сари раста нимпайкараашро гузоштааст. Донишмандон суханронӣ мекунанд. Абдурашид Мирзоев кушойиш медиҳад, баъд ба доктор Шарофиддин Рустамов, марди донишманд Абдунабӣ Сатторзода сухан медиҳанд. Абдунабӣ чеҳрайи инсонӣ ва олимийи шодравон Аълохонро ба ҳозирин ошно месозад. Чун Лоиқу ман рў ба рўйи гўяндаҳо истодаем, бехи гўши ман фармуд: «Бо ҳарфи А. сар шуд.
Аз рўйи алфавит навбати кӣ бошад?» Ҳамин хел одат дошт: дар миёни гиря механдид, дар байни ханда мегирист. Ман низ бехи гўши ў посух додам: «Аз А.А. сар шуд. Боз А. Ансорӣ, Мастон, Ҷумъа Одина...» Ва баногўшийи мо хотима наёфта номи Лоиқро гирифтанд, ки сухан гўяд. Ва Лоиқ суханро аз сўҳбати бехгўшийи мо оғоз кард:
«Мо ҳамроҳи Сорбон бехгўшӣ мекардем, ки ҳоло нимпайкарайи фарзанди фарзонайи диёр Аълохон Афсаҳзодро дар сари раста мегузоранд. Бо ҳарфи А. сар шуд. Аз рўйи алфавит оянда навбати кӣ бошад?» зиндадилӣ шуд ва чеҳраҳойи ғамбор шукуфтанд. Агар ин сухан аз они дигаре буд, шояд ба баъзе касон сахт мерасид ва сарзаниш мекарданд. Аммо сухан сухани Лоиқ буд ва ба ў ҳама чиз мезебид ва мечаспид. «Мо ҳоло мотам намегирем Аълохонро, балки ҷашн мегирем, пос медорем, зинда мегардонем. Хушгўйӣ баҷост. Сатторзода хуш фармуданд. Кош чунин фарзандон зиёд медоштем...»
Ва тарабтолори «Дўстӣ» гул карда буд: Лоиқу Гулрухсор ба посухи шодбошу шодбод гуфтанҳойи райиси олиҳиммату ҳикматписанду борикбин Абдурашид Мирзоев мушоира мекарданд ва Лоиқ бештар дар сифати хубиҳойи Гулрухсор рубойӣ ё дубайтӣ мехонд. Вале он шом Хайринисойи суханшинос ва нозукбин гул бурид: ў Гулрухсор шуда буд. «Ватанам...» гўён овозу шеърхонийи шоираро тақлид мекард ва аҳли толор завқ мебурданд. Кор то ҷое расид, ки Гулрухсорро ин ҳунар хуш омада, Хайринисоро мебўсид ва хоҳиш мекард, ки шеъри дигаре хонад бо овози ў.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор