Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Боз мо ду тан аз пойи мусофирон мондем. Ҳоло Лоиқ ба сари мазори волидайн нарафтааст ва аз дидори писараш Ҷамшеду набераҳо сер нашудааст, Қоришарифу хоҳаронро надидааст, панди тозайи модарарўс Додаройро нашунидааст, ёру дўстон аз сўҳбату шеъри ў баҳра набардоштаанд.
— Ако!
— Лаббай!
— Интихобот дар ёдатон ҳаст?
— Кадомаш?
— Ҳамоне ки дар Уротеппа гузашт.
— Ҳааа, соли 89? Дар ёдам ҳаст, лекин ман Уротеппа нарафтаам. Дар он ҷо будани шуморо медонам. Хайр, дар куҷо набудед шумо ҳамроҳи Лоиқ?
— Ман аввалин бор ташкилиро дар он ҷо дидам. Муборизаро дар он ҷо дидам. Механизатор Ҳакимов Зиёвиддин ҳарифи Лоиқ буд. Ва бисёриҳо гумон доштанд, ки ў мегузарад, зеро аз ҳама гўшаву канор телефонҳо мешуд, ки механизатор бояд гузарад.
Дар он ҷо ман касонеро дидам, ки дар шараёнашон хун ҷорӣ мешуд ва қадри шоиру офаридгорро медонистанд. Аҷаб замоне буд. Кароматулло Баҳодуров котиби комитети партиявийи шаҳри Уротеппа – сарситоди интихобот буд. Аз Панҷакат котиби аввал Ҳомидову райиси комиҷроия Абдусаттор Ҷабборов ва бисёр касон омада буданд. Аз ҳафт ноҳия намоянда буд баройи хубу хуш гузаронидани интихобот. Ҳай ташвиши зиёд доштааст ин кор. Мо дар бўстонсаройи ҳукуматийи шаҳри Уротеппа маскан доштем.
Аз субҳ то шом аз пайи ташвиқу тарғиб будем ва дар ҳар ҷо ақлу хираду инсофу адолату адабиётро, созандаву офарандайи онро ситойиш мекардем. Ҳар ҷо мерафтем, дўстон ва шарикдарсони омўзишгоҳӣ ва донишгоҳӣ пайдо мешуданд, моро хуш мепазируфтанд ва ё ба суроғ пайдо мекарданд. Ман бузургиву қадру қимат ва обрўмандиву мўҳтарам будани Лоиқро он гоҳ пурра дарк кардам ва мардумӣ гаштани ашъори ўро он замон донистам. Ҳарчанд ки аввалин шунаванда ва донандайи шеърҳояш мо дўстону ҷўраҳо будем. Пазиройӣ ва рў ба рў омадан бо Лоиқ дар шаҳру деҳот ва маҳаллаву гузару масҷидҳо, мактабҳо, театрҳо, колхозу хоҷагиҳо ид буд. Мардум гўйӣ муҳиби хеш, фарзанди раҳдури ба дил наздикро нигарон буданд ва ҳамчунон пазмону чашмдор мепазируфтанд.
Пирон дуо медоданд, барноён хидмат мекарданд ва омода буданд баройи шоири дўстдоштаашон мушкилтарин корро ба ҷо оранд.
Вале дар он замон мардум кам кореро сомон карда метавонистанд ва ё имтиёзеро надоштанд, ки партияйи коммунистӣ дошт.
Усул дар дасти нағорачийи асосӣ партияйи ҷоноҷон буд ва Лоиқ нозгунҷи ин партия ба шумор мерафт. Аз ин рў хотирамон ҷамъ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор