Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Гоҳ-гоҳ садойи Баҳманёр меомад; ё сахт мегуфт ё сақат.
«Имрўз касе гўйи сабқат барад, даҳонаш пур аз зарр хоҳад шуд!» садойи ҳазломези Лоиқ омад, ки дар кони тилло ҳузур доштанамонро ишора мекард. Низ ишора бар он буд, ки замонҳое шеъри хубро, сухани хубро, каломи зеборо, ҳикматро қадр мекарданд; ё даҳони гўяндаро пур аз зарр мекарданд ё асп медоданд ва ё ҷомайи зарбафт мепўшониданд. Ҳолиё хуши касон намеояд, ки ақаллан каф кўбанд. Онҳо хуб ё бад будани шаробро муҳокима мекунанд ва ё таоми хушлаззату белаззатро. Соли сипарӣ ҳамчунон ҷомаҳо пўшонида буданд меҳмононро...
Имсол ҳам ҷомаҳо мепўшонанд. Маро низ. Ба муносибати 60- солагиам. Худойи ман, чӣ қадар нокифоя аст ҳиммати инсон!
Баройи як ҷомайи бозорӣ пўшидан шаст сол ҷон коҳонад. Сол мешуморанд мардум, вале аз эҷоди ў, заҳмати ў ҳарфе намегўянд, чунки намедонанд. «Ҷома ба Сорбон ба муносибати 60-солагиаш!»
«Ба саҳна бароям ё набароям?» Андешайи мардум водор кард, ки дар қатори меҳмонон ҷома пўшам. «Ҳакимона мурдан беҳ аз аблаҳона умр ба сар бурдан.» Вагарна дар балойи Лоиқ мемондам:
боз такрор мекард: «Зуъми ноҷоят, занад ба поят.»
Соҳибҷашнеро ҷома пўшонидан муҳим нест. Муҳим он аст, ки шаҳр обод шудааст. Дар тўли як сол поя гузоштани ду пайкарайи фардони оламшумул, ду таҳамтан кори андак нест.
Лоиқ аз минбари баланд арза дошт: «Душманон сари баланди Деваштичро аз тан ҷудо карда, ба Бағдод бурданд. Мардуми сарбаланд ва ҳокими имрўзайи шаҳри Панҷакат ин Қаҳрамонро, Деваштичи офшину родмарду ҷасурро савори Гулгун бозовард ба диёраш! Хуҷиста бод!»
Каф кўфтанд мардум ва каф кўфтанд гоҳи парда аз рўйи муҷассамайи Гулгунсавор бардоштан ва гоҳи аз пояйи ҳайкали савори гарданфароз сурўдани Ҷўрабек. Ман сурўдани Ҷўрабекро зиёд дидаам; дар дасти ду тан бозӣ кардани олоти ҳунарро борҳо мушоҳида кардаам: хома дар дасти Лоиқ, захма дар дасти Ҷўрабек.
Ва он рўз, ки толори тараб пур-пури мухлисон буд; «Ширу шакар»
ба ҳам меомехт, пай бурдаам, ки Ҷўрабек шеъри Лоиқро мехонад ва Лоиқ сурўди Ҷўрабекро месарояд. Ҳарду ҳамсанг буданд; ба навбат мехонданду месурўданд ва фарқ кардан кўтаҳӣ мебуд, яке мехонаду яке месарояд, гўянд. Ҳар ду ҳам ҳунар буд, ҳар ду ҳам эҷод буд. Одамӣ гузаранда, ҳунар намиранда.
Ва ба гўши ман садойи таронаҳойи Довудӣ ва сурўдаҳойи Сулаймонӣ мерасид ва «Ривоят»-и Сотим Улуғзода, ки аз бузургийи кишвари Суғд, аз қаҳрамонийи ватандорон, аз беназирийи Деваштич ва родмардони ин сарзамин ва хунхорийи арабу барҳам задани дини мо ҳикоят мекард.
Вале ба гўши Лоиқ садойи нофоре омад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор