Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зиёфати аввалро ҳамчун хони зодрўзийи Кўҳзод пазируфтанд.
Ин сафарро нозирони роҳи ҷумҳурийи Ўзбакистон аз боҷгирони Сари Осиё то боҷгирони Ҷартеппайи вилояти Самарқанд раҳнамо буданд. Нозири роҳи ҳар вилоят, то ҷое ки ҳуқуқ дошт, моро ҳидоят мекард ва ба роҳбалади вилояти дигар месупурд.
Чунон мерафтем, ки дар афсонаҳо орзу мекунанд. Ба хусус дар зисту замоне, ки мо имрўз дорем, убур кардани ҳадди Ўзбакистон орзуйи ширини тоҷикон аст. Кош ҳамасолаву ҳама умр чунин кушода бошад ин роҳ!
Ва Лоиқ гоҳе омад ба Панҷакат, ки ҷашни Наврўз анҷом пазируфта, меҳмонон ба Душанбе баргашта буданд, вале нафаси гарму ҳангомайи он боқӣ буд. Воқеан хушу хуб гузашт Наврўзи Панҷакат. Ва қарор карданд, минбаъд Наврўз аз зодгоҳи Одамуш-шуаро оғоз ёфта, дар ҷумҳурӣ идома гирад ва меҳмонон танҳо панҷакатиҳо набошанд, касони намоёни мамлакат низ бошанд. Инчунин аз ҷумҳурийи ҳамсоя – Ўзбакистон меҳмон хонда шавад.
Ва Лоиқро Матлуб дар фурўдгоҳи шаҳри Самарқанд пешвоз гирифта, ба бўстонсаройи деҳайи Амондара овард, ки ҳамсояйи мазор дармиёни хонайи падарийи ман аст. Ман аз баройи Лоиқ он ҷо монда, бо меҳмонон барнагаштам. Ва субҳ зуд бархоста ба бўстонсаро рафтам, ки Матлуб меҳмонони дигар низ дошт: Асадулло Рўзиеву Саъдулло Ғуломов муовинони вазорати сохтмони ҷумҳурӣ буданд. Одамони аҷиб. Асадулло Ғуломов ҷавонмарди тановари хубчеҳр ва дилпазир буд ва хушсўҳбату хушмуомила. То аз хоб бедор шудани устод Лоиқ ҳамчунон сухан бо мо мегуфт, ки ошноҳойи дерсола бошем. Мешинохтем, медонистем ҳамдигарро, вале ҳамнишаст набудем.
Чун Лоиқ аз хоб бедор шуда, ба гармоба даромада хешро орову торо дода омад, сўҳбат обу ранги дигар гирифт: «Фархунда бод!»
ҳар кадом муборакаш мегуфтем мукофоти ўро ва талаб доштем, то нишони «Нилуфар» намояд. Ў аз хоксорӣ «дар хонайи писарам монд» баҳона меовард...
Вале баъд Қаҳрамон дар хонайи писараш Ҷамшед нишонро талаб карда, андар қадаҳ андохт ва аз тораш шароби арғувонӣ рехта, бодагардон кард ва ба сар кашид. Нишон ҳам ба даҳони бузургаш рафт ва хандида ва завқи Лоиқро дида, онро бозгардонд.
— Хайрият. Дар рўзномаҳо дарҷ карда буданд, ки кадом африқойӣ мошинро пора-пора хўрдааст. – овард Лоиқ.
— Аз одамхўрӣ ин хуб нест, устод?
— Хуб. Ба шарте, ки моли худат бошад.
Ва гуворотарин сўҳбат андар Панҷакат сўҳбати Зайниддинтағост. Ин пири рўзгордида, ки синнаш аз навад гузаштааст, баройи Лоиқ падари маънавӣ низ ҳаст. Китобҳойи бебаҳойи форсиро ў пайдо карда, ба Лоиқ бахшидааст ва форсихону форсидон низ ў кардааст.

пешина
аз 428
навбатӣ