Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Қаҳрамон, ҳазлро намефаҳмӣ-дия, – моҳийи бирёнро дида гуфт Лоиқ, – ман ҳамту гуфтам, баройи зебаш.
— Ман ҳам баройи зебаш, устод.
Ва механдиданд. Қаҳрамон сурхтар мешуд.
Пасон Абдурауфу Абдуқаюм омаданд. Зиёрат карданду «Баъди кор меоем» гуфта рафтанд. Бегоҳирўзӣ се нафар шуда омаданд.
Як нафар дастгоҳи аксбардорӣ дошт. Абдурауф костуме дар ҷилд меовард. Ў занҷираро боз кард ва костум бар китфи Лоиқ андохт.
«Муборак шавад!» гуфтем баробар ва суратгир акси чаҳори моро бардошт.
Райиси ҳукумати шаҳри Панҷакат нав шуд. Аз ҷавонтарин райисон Абдурашид Мирзоев. Ҷавонмарди фурўтану хоксор, вале хеле дурандешу бомулоҳиза ва якқавлу якрў. Баҳори соли 1999 дар Панҷакат «Наврўзӣ» орост. Чунин иқдоми ў ба аҳли адаб ва уламо равшан буд. Нависанда Абдурофеъ чанд муддат боз мардумро пайғом дода, замону макони сафарро муайян мекард.
Вале чунин сафар мушкилоте дошт: роҳи Душанбе – Панҷакат, ки ба воситайи замини имрўзайи ҷумҳурийи Ўзбакистон мегузарад, имкони озод рафтан надошт, рухсат мебойист. Роҳ аз ду боҷгирон мегузарад, фароғати чандинсоларо аз бинӣ мебарорад. Аз аҳли сафар мушкилосоне набуд. Бинобар он касеро бояд пайдо кард, то мушкил осон гардонад. Назди генерал Ҳамроқулов омадем чанд тан. Аввал ўро ёдовар шудем, ки дар рўйихати меҳмонони Панҷакат ҳаст ва афзудем: «Мушкилоти роҳро медонед, генерал.
Шумо райиси боҷгирони ҷумҳурӣ будед, ҳоло муовини райиси Кумитайи амният, роҳу равиш бароятон равшан аст, маслиҳату машварат аз шумост.» Марди тозарўйи кушодачеҳра, сияҳабрўйи ба мўйи сараш тораҳойи сафед афтода зуд-зуд сигарет дуд карда «а-ҳа, а-ҳа» гўён сухани ҳамаро мешунид, мепазируфт ва айни замон ҳушу хаёлаш ба дигар ҷо буд, то роҳи ҳалли мушкилот пайдо кунад. Пасон бинишаст бар курсийи хеш ва гўшаки телефонро бардошта, як-як занг зад ба Тошканду Самарқанду Қашқадарёву Сурхондарё ва Сари Осиёйи ҷумҳурийи Ўзбакистон. Иҷозати роҳро мепурсид ва ҳама мепазируфтанд ба хушнудӣ...
Вале дар ин сафар Лоиқ набуд. Ў тариқи тайёра ба Маскав парвоз кард, то ҷойизайи байналмилалийи «Нилуфар»-ро бигирад, ки насибаш гардида буд. Хубтарин фардҳойи илму адаб ва ходимони намоёни давлатӣ, ки панҷакатӣ буданд ва андар Душанбе кору зиндагӣ доштанд, ба роҳ баромаданд. 15-уми март зодрўзи Кўҳзод буд ва дар нонхўраки сарироҳӣ ман ин ҷашнро эълон доштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор