Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун Лоиқ ба ин ҷо ояд, аввал он касро хабар мегирад ва баъд хоҳиш мекунад, ки рўйи кати саҳни ҳавлийи Қутбиддин Раззоқов сўҳбат кунанд. Пирамарди сапедриши озодапўш ва хеле нурониву баҳуш ҳамроҳи Лоиқ чойи 95 менўшанд ва аз гузаштаву имрўза чақ-чақ мекунанд. Баъзан ман низ дар он сўҳбат буда бошам, хушам ояд аз сўҳбати ў, ки маро ҳам мададгорӣ кунад; таърихдони зиндайи водӣ. Ва ёвар бошад маро дар навиштани романи «Зарафшон».
Депутат Матлуб Халифаев моро бояд ба Душанбе барад. Шаб дар хонааш меҳмондорӣ кард. Райиси ҳукумати шаҳр Абдурашид Мирзоев ҳама корҳойи ҳукуматиро сомон карда дертар омад. Хеле сўҳбат кардем. Аз ободониву ояндайи шаҳр. Нақшаҳойи райис хуш омад моро ва Лоиқ ситойиш кард райисро, ки аз назари бостонӣ будан менигарад ба шаҳр ва меҳмонбин кардан мехоҳад. Райиси идорайи «Панҷакатсоз» Матлуб медонад, ки ҳукумат ба нақша мегирад, идорайи ў месозад. Ва ҳарду созу ҷўр омадаанд дар обод гардонидани шаҳр.
— Райис, шумо барака меёбед! Касе ки як дарахт сабз мекунад, тамоми гуноҳаш аз тарафи Худованд омурзиш меёбад. Ҳол он ки шумо ду нафар шаҳр месозед. Аз дасти мо чӣ ояд, ёрӣ мекунем.
— Шумо зинда бошед, устод, шеър нависед. Наврўзи дигар меоед, устод. То он вақт ободонӣ зиёд хоҳад шуд.

Як сол сипарӣ шуд. Наврўзи дигар моро бо ду чархбол оварданд ба Панҷакат. Наврўзи имсола дигаргуна буд; меҳмони зиёд дошт хеле мўҳтараму гиромӣ: Муъмин Қаноат, Гулрухсор, Аҳрор Мухтор, Абдуҳамид, Кароматуллойи Мирзо, Гулназар, Ҷонибек ва аз Хуҷанду Самарқанд Атохону Фарзонаву Озарахшу Сиёвуш, Ҳаёт Неъмату Адаш Истад ва бисёр касон буданд ва Ҷўрабеку Афзалшову Хосияту Лола зеб мебахшиданд ҷашни Наврўзро.
Холмуроди Шариф, Шарофиддин Рустамов, Убайд Раҷаб, Лоиқ, Абдунабӣ, Камол, Аслиддини Низом ва бисёр панҷакатиҳо меҳмондор буданд. Вале ман аз чархбол нафаромада як каси дигарро дидам; ҷавонмарди миёнакади сиёҳҷурда, мўю абрўю мижгону мўйлабсиёҳ Мастони Шарифро. Медонам, ки ў ба ҳурмати Лоиқ пешакӣ ба Панҷакат омада, ҳоло ба пешвоз баромадааст. Ҳастанд чунин ҷавонмардон мисли Салимбой: донову бафаҳму ҷавонмарду боэътиқод, вале аз ҳад зиёд хоксор. Агар сухан диҳанд, ки андеша бигў, аз фурўтанӣ «ман ба гуфтаҳойи дўстон шарикам» мегўяд, вале он қадар шеъру қаринаву латифа медонад, ки адиб намедонад.
Чунин касон фурўдгоҳи шаҳри Панҷакатро зеб додаанд. Мавлони фатиламў, Раҳмонқули ғизолчашм низ ҳастанд. Олиму Ҳабибулло ҳам. Ҳабибулло ваъда кардааст, ки баройи Лоиқу як ҷўрайи ў хона месозад; Олим садо баланд мекунад ва менолад:

пешина
аз 428
навбатӣ