Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дуздхона шуд он ҷо. Баъд маро ба шўъбайи милиса хонданд.
Бозпурс карданд ва ҳатто танбеҳ, ки хонаро танҳо гузоштаед, дуздхона шудааст. Ҳарчанд ба онҳо фаҳмонидам, ки қабл аз воқеаҳойи Баҳманмоҳ дар бўстонсаройи ҳукуматӣ, поёнтар аз бўстонсаройи мо, милисаеро кушта, таппончаашро рабуданд. Аз он замон ман ба он ҷо рафта наметавонам аз тарс. Вале пеш шабурўз он ҷо будам. Абдунабӣ ҳам он ҷо буданд, рисолайи докториро дар он ҷо навиштанд. Ҳама чиз бесоҳиб гузошта мешуд; тубраҳойи орду биринҷ, чобайи равған меистод; кабки шикоркардаро қайлаву сиринҷӣ карда мемондам, ҳатто дарҳоро қуфл намезадам; гўсфандҳо ҳайдав дар боғ мечариданд, касеро кор набуд. Хасе кам намешуд, мол гум намегашт...
Шабе будам дар хоби хуш. Ғур-ғури одамӣ омад. Ҳарфи русӣ меомад. Чун сухан пасту дуздона буд, фарқ карда намешуд, ки соҳиби садо кист. Ў дарҳоро кашид. Ба айвон даромад. Чароғро гиронд. Ду соя бархўрд дар пардайи тирезайи хонайи хоби ман.
«Кўрпаҳо дар он хона» фармуд. Чунин соҳибхона дар ин манзил ҷуз ман Лоиқ буду Абдунабӣ. Вале ин кор кори Лоиқ буд. Аз рафтораш шинохтам. Сурфидам. Лоиқ як садойи баланд баровард ва пурсид: «Мўсафед, ҳаминҷойӣ?» Посух додам: «Бале!» вале набаромадам, ки...
— Мошин дами дарвоза чаппа шуд...
Баромадам.
— Безарар?
— Намедонам. Аз сари ағбайи Анзоб то дами дарвозаатон омадем, нағз... Вале дар ҳамин ҷо...
— Дар сари ағбайи Анзоб чӣ кор доштед?
— Ба хонум ваъда дода будам, бурда овардам.
Дигар такпурсӣ накардам.
Чун саҳари баланд кор доштам дар шаҳр, субҳдам беруни дарвоза шудам. Аз тори мошини Лоиқ мошин ронда, гузашта намешуд. Рўйи роҳ, як тарафаш дар ҷарӣ чаппа хобида буд. Ҳамсоя Ризо баромад. Мошини Лоиқро шинохта «Устод соз?» пурсид. Дукаса ба такудав даромадем, ки ё борбардор пайдо кунем ё трактор, то мошини ўро роста гардонда, аз вартайи канори роҳ барорем.
Лоиқ парвое надошт. Хуфта буд.
Борбардор (кран) пайдо карда, мошинро роста гардонида, кашида баровардем. Обу равғанашро дида, дар гиронда, сари роҳ бароварда мондам. Баъд мифтоҳ канори ҷойгоҳаш гузошта, «Шумо шаҳтут хўрда истед, ман баргашта меоям» гуфта, дер шуда бошад ҳам, ба шаҳр рафтам.

пешина
аз 428
навбатӣ