Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шабатон хуш, устод. – хомўширо шикаст Валӣ ва Лоиқ фармуд:
— Ман хоб меравам, шумо ба шаҳр равед.
Ҳамчунон шуд, ки Лоиқ фармуд.
Ва рўзи дигар боз садойи шинос ба гўшам расид, ки номи маро гирифта фарёд мезад. Боз ман Лоиқу Валиро дида, фурўд омадам аз ошёнайи дуввум. Вале чун дўшина онҳо хушҳол набуданд. Ранги рўяшон низ канда буд. Менигаристанд ба якдигар. Валӣ Самад худдорӣ карда натавониста фармуд:
— Муаллим мурдаанд...
— Кадом муаллим?
— Маъсумӣ.
— Нияти бад накунед..
— Рост. Худи Лоиқҷон манаҳашонро бастаанд.
— Рост? – баландтар овоз бароварда пурсидам аз Лоиқ.
Лоиқ садо бароварда натавониста, сар афшонд: «Рост.»
Вале ман бовар намекардам. Ва баройи он ки ҳақиқатро донам, пурсидам:
— Акнун чӣ мешавад?
— Чӣ хел? – низ пурсид Валӣ.
— Мо, ки ош карда бурдем, шаб ҳамроҳашон будем ва...
— Мо ҳам аз ин боб сўҳбат доштем.

Аллакай мардуму мошини зиёде расида буданд ба бўстонсаро ва папкадорону шапкадорон пурсон буданд боғбону аҳли ин манзилро. Дар рўзномаашон дарҷ мекарданд: 13 ва 14 августи соли 1974. Пасон мурдайи Маъсумиро ба мурдахонайи шаҳр бурданд, ки писаронашон дар мамлакатҳойи дигар, то омаданашон дар он ҷо нигаҳ бояд доранд. Ва баъд андар даромадгоҳи бинойи академияйи Улум ниҳоданд ҷасади ўро баройи видоъ. Ва ман ҳамин манзараву сўхтани зани панҷакатиро бар марги Ғиёс дар романи «Актёр» тасвир кардаам... Зиёд касон мегиристанд. Аввалин бор Лоиқро дигаргуна дарёфтам, ки шахсро қадру эҳтиром кунад, чун мешавад. Он гоҳ мурдайи сарди Маъсумиро бўсида гиристани Лоиқро дидам ва баъд бўса гирифтани Валиро...
Ман зиёд меомадам ба ин манзил. Чун дар Харангон бўстонсаро сохтам, намеоям ба ин ҷо. Зеро дўстонам ҳама ба Харангон мераванд. Романҳоямро дар он ҷо навиштаам. Вале ҳоло ҳамаро бурдаанд, чунин ки ашёъ ва чизу чорайи бўстонсаройи нависандагонро. Ҳама чароғҳо ва симҳо ва асбоби гармиву пухтупазро; ҳатто сими сари симчўбҳоро ва ҳар чизе ки андар таҳхонаву болохона буд.

пешина
аз 428
навбатӣ