Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Боке не, шумо аллакай шоири баркамол, дар оянда рў ба рўйи ҳазорон шунаванда шеър хоҳед хонд. Мо медонем ва мефаҳмем шумо чӣ гуна менависед. Мирзоҷон ҳар касро дар ғойибаш ситойиш намекунад. – таъкиди номи Мирзо Турсунзода ишора ба дўстӣ ва ҳамнишиниашон буд. – Бино ба шунидам, «Маснавийи маънавӣ»-ро мехонед...
— Кам-кам, устод... Аммо ба фаҳмишаш...
— Дар замони мо, дар ин синну сол хондани «Маснавийи маънавӣ», аз бар кардани ашъори Рўдакиву Хайёму Ҳофиз... ақлам намегирад. Ҳоло шоирони куҳансоли мо ба ин чиз нарасидаанд, магар Раҳимӣ...
— Муболиға шуд устод. Хубаш шумо чизе бихонед ё сароед, мо баҳра барем.
«Пушту паноҳи ман буд девори дилбари ман,
Аз гиря бар сар афтод, эй хок бар сари ман, эй хок бар сари ман!»
Оғозиданд устод ҳамчун Ҳилолидўст. Садойи фораму ларзони ў он қадар гуворо буд, ки гумон мекардед ин ғазалро на Ҳилолӣ, балки Маъсумӣ навишта.
«Ҷуз кунҷи ғам Ҳилолӣ ҷойи дигар надорам,» гўён хонайи тахтагинро ишора мекарданд ва чун мисраъи дигарро месаройиданд, гардан фароз ва сина дамида медоштанд: «Ман подшоҳи ишқам, ин аст кишвари ман,?? ин аст кишвари ман!»
Чун мо каф кўфта аҳсанту офарин хондем, устод худ аз худ сурўди «Ғарибон»-ро зам-зама карданд. Оҳанги нола ва руҳафтодагӣ дошт.
«Ғарибонро кӣ мепурсад дар ин шоми ғарибони?
Тамоми халқ бепарво, тамоми мулк бегона!»
Пиндорамон устод дар ин танҳойиҳо дилгар шудаанд, ҳамчун донандайи хуби эҷодиёти Айнӣ ин суруди машҳури халқи тоҷикро бори дигар ба мо ёдрас мекунанд.
«На мулкам ҳасту на молам,
На кас пурсад зи аҳволам.
Зи дарди бекасӣ нолам,
Дар ин шоми ғарибона!»
Мо нафаҳмидем, ки чаро ин сурўди ғамбори тоҷикиро ҳоло
мехонанд Маъсумӣ. Гўё миёни сўҳбати шодмониро як тасмайи ғам
баст ва мо дилгир шудем. Ва Маъсумӣ тақсимчайи дастро рўйи хон гузошта, нафаси дароз кашиданд ва аввалин бор дидам, ки табассум шикаст андар хами лабҳояшон ва чеҳраашон дар зери нури хирайи чароғи тори дар ва шўълайи моҳчароғи сари симчўб соядор метобад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор