Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Андар чаҳорсўйи миёни дуроҳайи назди «Хонайи матбуот»
паси сари мо мошине башиддат бозистод ва садойи хушнудона омад: «Лоиқ! Ҳамон хиштрезӣ набуд, шоир намешудӣ!»
Ман баргашта чеҳрайи шиносу хандонро дидам, вале Лоиқ ба садо рў наоварда, посух дод:
— Ман-ку шоир мешудам, аммо ту вазир намешудӣ!
Вазир дар ҳамон чаҳорсў аз мошин фаромад. Лоиқ аз роҳи рафтамон баргашт. Ҳар ду хандон сўйи ҳам оғўш кушоданд. Пасон вазири иҷтимоъ ва таъминот аз ҷайбаш дафтарчаеро бароварда ба кисайи Лоиқ андохт ва гуфт: «Одамон нафаҳманд, ба хусус хонумҳо, ки Лоиқ ба нафақа баромадааст.»
Ҳарду андар бемористони касалиҳойи дил ва асаб муойинаву муолиҷа мегирифтанд. Ҳамон вақт ба нафақа баромадани Лоиқ рўшан шуда буд. Аммо қиссайи хиштрезӣ пештар – замоне ки Лоиқ дар омўзишгоҳи педагогийи шаҳри Панҷакат мехонду Абдусаттор Ҷабборов дар мактаби миёна.
Падари Абдусаттор – Абдуҷаббори қассоб рўзе дар канори наҳри Қайнар Лоиқро дар даст дафтарча дида, бекор мепиндорад ва мегўяд, ки Абдусаттор имсол хонданӣ рафтанӣ ва дар паси мактаби Сталин хишт мерезад. Ту ҳам ҳел-ҳел нагарду назди ў рафта, хишт рез. Лоиқ ҳарфи ўро гўш дода, назди Абдусаттор меравад ва маслиҳати хиштрезӣ мекунанд. Абдусаттор мепазирад маслиҳатро. Лоиқ мебинад, ки Абдусаттор лойро ошурда, лат дода, пушти каланд зада расондааст, маслиҳат медиҳад:
— Абдусаттор, ту қолабро пур мекунӣ, ман бурда мерезам...
— Лоиқҷон ин лой аст. Тар, вазнин, тезкориро намехоҳад. Ҳар кас бояд кори худашро кунад: лой ҷўлонад, пазонад, ба қолаб занад, бурда резад. Вагарна миёнғу мешавад.
— Э-ҳэээ... Ман кай лой мекунаму кай мерасонаму...
— Аз ҳамин лой бурда рехтан гир.
Лоиқ пой тиҳӣ кард ва пойи шим бар зада ба лойхона даромад. Ба қолаб рег пошид ва лой андохт. «Як!» гуфт Абдусаттор ва шуморид. Чун шумор аз даҳ гузашт, Лоиқро шаст паст шуд.
Дар қолаби понздаҳум миёнашро базўр рост карда, қолаби холиро бардошт. Абдусаттор мешуморид. Чун қолаби ҳабдаҳумро партофт, қолабро набардошта, рост сари ҷўйбор рафта, лойи пой шуст ва пойи эзори бар зада фаровард, кавш пўшиду дафтарча гирифта, равон шуд.
— Ҳа-а? – пурсид Абдусаттор.
— Худат рез мондаашро, ҳаққи маро баъд ҳисоб карда медиҳӣ...
Ва имрўз ки дар чаҳорсў во хўрданд, Абдусаттор фармуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор