Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Баройи шумо мезебад, оча. Охир шумо модари оддӣ не...
Бибизаҳро! Модари Лоиқ!
Ҳар ду хомўш монданд. Тахмин, таҳлил мекарданд ин ҳарфро:
модар андеша дошт, ки чаро писар чунин гуфт. Лоиқ нигарон буд, ки ў чӣ фаҳмиду чӣ мегўяд.
Ва хоб бурд Лоиқро. Модар сари болини ў нишаст, ки айёми тифлиаш чунин шабзиндадор буд. Ва он замон кўдакаш оромтар буд, осудатар буд ва бепарво мехуфт. Агар гиряд, гиряаш аз гуруснагӣ буд... Аммо ҳолиё фарёд мезанад хоболуд; ғел мегардад нимхобу нимбедор ё беёд, ки модар намефаҳмад доду фарёдаш аз чист: «Аааа!!!» Хонаро меларзонад фарёдаш ва модарро парешон мегардонад: «Наход ин тифлаки маро тарсонда бошанд; зада, ё таҳдиду таъкид карда, тарсу гардонида бошанд?»
— Лоиқ! Лоиқҷон!
— Ҳммм...
— Чаро дод мизанӣ? Кӣ тарсонд туро? – қасдан бедор мекунад модар, то андар хоб мубтало нагардад ба балое.
— Ҳммм...
— Мигум, кӣ тарсонда баччаҷонро?
— Ҳммм...
— Аз ин рў зиёд арақ михурӣ, баччаҷон...
— Ҳммм...
— ... ки ҳамаро фаромуш кунӣ, дарду аламат камтар шавад?
— Ҳммм...
— ... набинӣ он сияҳкорону сияҳдилонро?
— Ҳммм...
— Ҳушёр бишав, Лоиқҷон...
— Аааа!!!
— Чӣ шуда бо ту? Ин хел набудӣ-ку? Ором михобидӣ, ҷурғот барин. Ба задану гуфтану кўфтан бедор намешудӣ. Ҳоло доду фарёди хоболудат хонаро метарконад. Ҳамсояҳоро меҳаросонад...
Охир, миоранд, ки Лоиқ дастнорас, касе аз бинӣ боло ба ў гап зада намитавонад. Обрўву эҳтирому эътибори зиёд дорад. Ҳамнишину ҳампояйи Расулу Набӣ, Гапаш – гап. Вале боз кӣ ҳаст дар ин дунё, ки туро битарсонад? Озор диҳад? Ба чунин дард гирифтор кунад?
— Аааа!!!
— Лоиқҷон! Кӣ озорат мидиҳад? Аз чӣ миҳаросӣ? Чӣ дард дорӣ?
— Об!
— Ҷигарсузат кардаанд, писарам... Арақ дода-арақ дода, дилу ҷигаратро миҳуллонанд, худат намифаҳмӣ. Ёру ҷураҳот қасдан микунанд ин корро, аммо ту пайхас намиравӣ. Онҳо дуст нистанд!
Зиро ту масту ҳушор, ҳушору маст сахт мигуйӣ, сахт мирасӣ...
Мидонам, мишунавам ҳамаашро... Ту кай аз феъли баччагиат мигардӣ?

пешина
аз 428
навбатӣ