Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То кай мазоригарӣ микунӣ? Якрав, гарданшах, шахзабон, ҳақҷў ва додхоҳ...
— Ҳммм...
— Намишад, баччем, намишад. Душманро ба шакар микушанд, на ба табар... Додот барин, акот барин... Гили ҳаматона аз як хоктуда бардоштаанд...
— Гили шумо ҳам аз ҳамон хоктўдайи баланд, оча! – тоқат накарда гуфт Лоиқ ва фош шуд, ки баройи шунидани суханҳойи модар худро ба хоб задааст ва ба сиёҳмастӣ.
— Бидорӣ?
— Ҳм...
— Ҳум-ҳум накун! Ту хоб, гуфта пургуйӣ кардам...
— Хуб кардед, оча. Дарс...
— Ниииӣ, дарс намишад ба ту. Туя чӣ мондас, ки бо Партия сар ба сар шавӣ. Ҳамун Ҷаббору Расул одами хуб будаст, ки...
— Ҳа, оча, хуб ҳамаашон хуб. Як ман бад.
— Нӣ, ту бад нӣ. Баъзӣ одатҳот бад... Э ту чиба дар хобат дод мизанӣ?
— Намедонам...
— Тарсидайӣ? Мулло биёрам?
— Гум кунед...
— Ин хил нагу. Мулло Абдукарим ҳоло ҳам пустака ба пустак ҷанг миандозад. Аз ҳамин ҷо истода хонд, зани майкадагӣ Душанбия партофта омад.
— Кадом Майкада?
— Майкадайи паҳлуйи Амондара ҳаст-ку!
— Ҳа-а-а...
— Мигум, туя тарсондаанд. Кӣ? Кӣ туро тарсонд?
— Маро метарсондагӣ ҳоло зода нашудааст, оча.
— Нона калон газ, валӣ даҳанкалонӣ накун.
— Даҳанкалонӣ не, оча, рост. Ман ҳеҷ гоҳ дурўғ намегўям.
Бар зарари ҳалқ сухан намекунам.
— Халқ... – ба оҳанги махсус ифода кард модар ва писар пиндошт, ки ҳолиё ў чизе мегўяд: – Халқ... Туя халқ зойидагӣ... Аз дуру наздик миоранд: гапбофҳо зиёд. Ту дар он ҷо мибофӣ, инҳо дар ин ҷо мибофанд. Баъд бири ман тору пуд мишавад. Як қолийи хушрў ва ман дар болойи он ғил мигардам аз хурсандӣ. Хурсанд мишам, ки писарам халқ мигуд, миллат мигуд, оча мигуд...дигар гап надорад. Онҳо кистанд – э? Чиба ғами туя намихўранд? Хиёл ҳам надоранд, ки дарди сарата кам кунанд. Фақат ту бояд ғами халқу ғами миллата хурӣ. Як бор онҳо ҳам ғами туя хўранд-дия.
Қарсак аз ту тараф, баччим! Ту гуфтан гириву онҳо хап истанд, оқибат чӣ мишад?
— Оқибаташ нек мешавад, оча. Шумо, ки ҳамин қадар фаҳмидаед, дигарон ҳам мефаҳманд.

пешина
аз 428
навбатӣ