Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Нахандидаам, оча, завқ кардам.. Ифтихор кардам, ки чунин модари гапдон дорам.
— Масхара бикун, масхара бикун!
— Оча! Ягон фарзанд модарро масхара кардааст, ки...
— Ҳо, барраҷон. Баччаҳойи инзамона ҳамин хил...
— Ман баччаҳойи инзамона не, оча. Ман ҳамзамони Рўдакӣ.
— Ҳааа. Гуфтанд... Оварданд, ки писарат назарбаланд. Бо қушбегӣ шуъла намихурад, ки дастам мисўзад...
— Хайр бас, оча. Оштӣ.
— Нӣ, то қасам хўрда, аз баҳри арақ набаройӣ, оштӣ намишавам...
— Хуб, оча, гуфтайи шумо шавад.
Ва ў якравийи қавитар аз якравийи хешро дарёфта, хомўш монд ва ба болохонайи Қоришариф бо дастони хеш қабзафурўмон сохта баромад ва то пайдо шудани бародар каҷпаҳлў ба болин зада нишастанӣ шуд. Чун бародарро ба деҳае аз деҳот шикастабандӣ бурдаанд, зуд наёмад. Лоиқро хоб бурд. Ва он гоҳ Қоришариф омад, аммо дилаш нашуд, ки ўро бедор кунад. Валек нимашабон нағмаҳойи Лоиқ рў зад: якбора дод мезад баланд; садо мекард; паҳлў мегашт. Чунин ҳол безобита гардонд модарро. Дами дар омад ў ва нигаристу гўш дод ба рафтору фарёди писар. Дилаш реш гашт, ки тарсида писар ва ё парешон аст аз чизе. Чунон фарёд мезанад, ки сараш нимбур карда бошанд: «Ваааъ!» Паҳлў мегардад.
Даст якбора пушт мепартояд ва месўзад, ки «Об!» мегўяд.
Бибизаҳро тохта ба айвон меравад ва ба коса об меорад.
— Ма об, Лоиқҷон, ма об!
— А?
— Об!
— Кӣ?
— Ман! Об хўр!
— Ҳааа... Очаҷони ман! Наход шумо об биёред!
— Ҳеҷ гап не, оба хўр!
Лоиқ кафтаркаш мехўрад обро ва сар бардошта қомат дуто нигарони коса истодани модарро дида, сар ба пойи ў мезанад.
— Накун ин корро!
— Ман медонам чӣ кор карданамро, оча. «Ҷаннат кафи пойи модарон аст», оча!
Боз пешонайи ў ба мафраш мехўрад, ки сахт ранҷидааст модар.
Ва дили модар баробари сари ў гўё ба тахта мезанад. Мегиряд дилаш хомўш ва номаълум чунон ки Лоиқ. Ҳар ду гиря ҳам рўшод нестанд.
— Пеши потон мурам, оча!
— Нагў, намизибад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор