Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Масалан?
— Масалан, «фидо» сурўдро малеҳтар мекунад.
— Қабул, – гуфт ў, вале сурўд аллакай аз забони Муродбеку Хосият машҳур шуда буд.
Лоиқ одати хуб дошт, ки ба эрод ё маслиҳат гўш медод ва донистайи хешро мекард, зеро борикбин буд, забонро хуб медонист ва ҷойи сухану макони нуқтаро муайян карда метавонист. Ў ҳама чизи маро хондааст ва нақши қаламаш дар дастхатҳойи ман ҳаст. Вале чун ў «шикаста» менавишт ва ҷуз худашу Саодатойтӣ ва ману Доро кам касон хуб хонда метавонистанд хаташро, ў кўшиш мекард, шеъри тозаашро аз ёд хонад. Баъзан-баъзан ман ҳам даҳонӣ андешаамро мегуфтам ва ё хурдагирӣ мекардам.
Ва Лоиқ чанд рўз камнамо шуд. Ба баҳонайи мураххасӣ аз хона бурун намеомад ва мо дўстон истиҳола мекардем ва худдорӣ аз навдомодро ташвиш додан. Рўзе ўро дар дами дарвозайи бозори Шоҳмансур дучор омадам, ки кисаҳойи шимаш дамида буд. Ўро ҳеҷ гоҳ чунин надида будам: ҳатто замони донишҷўийи омўзишгоҳ ё Донишгоҳ. Ҳайрон шуда ба ҷайби дамидааш нигаристам, ки шояд чизи хурде бозорӣ карда, аз халта гирифтан изо кашида, ба ҷайб андохта бошад. Ў аз нигоҳам рамуз гирифт ва хандида, аз кисааш латтаеро бароварда фармуд:
«Зиндагонӣ бар сар афтодаст, Бедил, чора чист?
Шод бояд зистан, ношод бояд зистан.»
Аз кисайи дигараш низ баровард латтаеро ва ҳардуро кушод, ки борхалта будааст.
— Биё бозор дароем, медонӣ, ки ман бозорӣ карда наметавонам.
— Акнун шумо сағирайи бесоҳиб нестед. Соҳибдор шудед. Ё ғулом мешавед, ё ғулом мегиред.
— Росташро гўям, ин корҳо ба ман намешавад. Ба тайёрхўрӣ одат кардаем. Хайр гард, ту медонӣ ин чизҳоро.
— Дар дунё осонтар аз ин коре нест. Пулро бароварда рўйи бор мегузоред, худи соҳиббор баркашида борро ба борхалтаатон меандозад. Он тарафаш кори ғулом.
— Душвортарин кори бозор ана ҳамин гуфтаатон...
— Бардошта бурдан?
— На. Пулро бароварда рўйи бор гузоштан...
— Ҳа-а-а...
— На. Нафаҳмидӣ. Ҳамон вақте ки пулро бароварда рўйи бор мегузорӣ, мефаҳмӣ, ки дунё иборат аз хўрдан будааст, ҳар қадар ҷон канӣ, баройи қонеъ кардани нафс будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор