Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ҳол он ки одамизода бо дигар орзуву ният ба дунё меояд.
— Хайр?
— Охир ягон кор кардан лозим дар ин дунё ё на?
— Албатта, албатта бояд кард. Вале бо ишками гурусна чанд рўз мепойӣ?
— Пас ҳама кори мо баройи хўрдан. Кор мекунем баройи хўрдан; зиндагӣ мекунем баройи хўрдан; хоб меравему мехезем баройи хўрдан; тую ман мекунем баройи хўрдан; мекушем, месўзем, мебарем баройи хўрдан... боз чӣ монд.
— Бозорӣ.
— Бозорӣ мекунем баройи хўрдан...
— Бозориатон бори аввал-а?
— Як бори дигар ҳам омада будам.
— Ин хел бошад, як бори дигар биёед... Ҳа, медонед, ки бозорӣ қойидаҳо низ дорад. Ба ғайр аз ҷавобу савоби тарозу боз вақти харид се бор нархи моли харидор шудаатонро паст зада, савдо мекунед, сонӣ мегиред.
Лоиқ як «ҳм» гуфта хандид ва пурсид:
— Ангури ҷавз чанд пул?
— Баройи шумо бепул.
Лоиқ ба фурўшгор нигоҳ накард, балки ба ман нигоҳ карда пурсид:
— Нархаш маълум шуд, чӣ хел се бор савдо мекунӣ? – пас гуфт: – Не, мо бепулашро намегирем.
— Як сатил ангури Роҳатиро Кароматулло фиристода буд, ман хонаатонро наёфтам. Гуфтанд, ки шумо аз кўчайи Чехов кўчидаед.
— Фаҳмидед? – сўйи ман нигариста пурсид ў ва шарҳ дод:
– Кароматулло шарикдарси мо. Аз Роҳатӣ. Шумо барин парешонгў (насрнавис)... Ин хел бошад, ҷўра, адреси ман дар кўчайи Айнӣ.
Сари роҳат. Ман чизи зиёд мегирам, бардоштанаш душвор, хоҳӣ, бубар. Лекин гуфта монам, ки дар тагаш ягон илтимос ё хушомад надошта бошад, зеро ман ин чизҳоро бад мебинам. Ва назди касе баройи илтимос намеравам. Саломат бош!
— Каромот кардед, – каме дур рафтем аз ҷавон, гуфтам ба Лоиқ.
— Қимоб шудаам аз чунин марҳаматҳо. Як бор меоянд ва баъди чанд рўз омада «Мана шинохтед? Ҳў омада будам. Себ оварда будам, анор оварда будам, дар фалон ошхона нишаста будем... Як илтимос: писар хонданӣ омаданӣ.» Маро медонед-ку: марҳамат биёяд, вале ман нестам... Ҷон халос. Ва ҳазору як илтимос. Ин халқи мо... тавба, тавба...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор