Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пасон сухан аз асарҳойи тозайи Чингиз мерафт ва ҳар асаре, ки ба тозагӣ дар нашрияҳойи Маскав чоп шудааст.
Шишаҳо, тарбузу харбуза даруни оби сарди наҳр хўрданбоб мешуданд. Қаланфури булғорӣ ҷойи соғарро мегирифт... Танҳойи сўхта ҳам тону нотон худро ба об мезаданд ва ё лаби об аз реша ё шохи хами маҷнунбед дошта, оне ё муддате сабру тоқат мекарданд дар сардийи об. Лоиқ аввалин бор ланда зада, дасту пой ҷунбонда ба он соҳили наҳр гузашт ва аз шохи ҳамойили маҷнунбед дошта, андар канори лағжони он истод ва садо баровард, ки обтаниро омўхтааст. Ҳама баробар каф кўфтанд ба ин зарафшонзод, ки чун натавонад оббозиро. Аз зарафшониҳо танҳо Мастон метавонист хуб шиноварӣ кунад. Боре ў миёни наҳр рост истод ва об то сари синааш омад. Кўҳзод пиндошт, ки об рўяк аст ва ҳар кас метавонад оббозӣ кунад. Ў худро ба наҳр андохт. Гум шуд. Як пайдо гашту даҳон воз карда ҳаво гирифт ва чизе гуфтанӣ буд, ки натавонист ва боз фурў рафт. Бисёриҳо гумон карданд ў ғўтта мезанад. Чун ман медонистам, ки Кўҳзод обтаниро балад нест, аз Акбар хоҳиш кардам, ки ўро наҷот диҳад. Ў бовар накарда хандид.
«Ҷинӣ, қойида зарафшонӣ оббозиро на...» Ҳарфаш тамом нашуда, Акбари хурдҷуссаро зўран ба наҳр тела додам. Ў ҳам як муддат гум шуд ва баъд сари Кўҳзод рўйи об баромад. Аз паси ў Акбар пайдо шуд ва шатта зад Кўҳзодро, то канортар равад. Пасон аз мўйи сараш дошта ба соҳил кашид. Чун Кўҳзод рангпарида ба соҳил расид, бар таъсири мухбириҳойи замон, дастро микрофон сохта ба Кўҳзод наздик бурдам ва пурсон шудам: «Дар зери об чӣ фикрҳо аз саратон гузашт?» Кўҳзод суоли маро фаҳмид ё на, ба зўр нафас гирифта фармуд: «Ҳоло ҳамон Мастон куҷо шуд?»


Ва дар Душанбе қиссайи Сапеда идома дошт:

«Дар дили шабҳо дилам гум мезанад,
Ман туро мехоҳаму нози туро.
Дар миёни чор девори хаёл
Бишнавам аз дур овози туро.

Ман адои нозболини туам,
Ман гадои нози ширини туам.»

Маро хуш наомад калимайи «гадо» ҳарчанд мавқеъ дорад.
Ва ман ҳақ доштам ба Лоиқ рўйирост эродамро гўям, зеро худи ў ҳуқуқ дода буд маро ва хафа намешуд, балки баъди эроди ман андеша мекард; агар хуш ояд, мепазируфт. «Ба ҷойи «гадо» ягон «бойбачча» пайдо кунед чӣ шавад?» пурсидам.

пешина
аз 428
навбатӣ