Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Акнун масъалаи Панҷакент ва «саллаи» домулло. Ба ман худи падарарўс ва модарарўс хат карда буданд (дар як лифофа), хеле меҳрубонона ва маҳрамона буд. Боз он тарафашро намедонам....
Бояд розӣ шаванд... Хайр, агар нашавад, ситораи ман аз осмон намеафтад. Қимати зар наафзояду зар кам нашавад... Ҳеҷ нашуд,
1 домулло хонданӣ, ки омад, умеди ғалаба ҳаст. Сарашро гирд мегардонам. Агар нашуд, агар аз рангу раҳмони мо безор бошанд, обраҳаро мегирему рафтан гирифт. Хайр, дар ин хусус гапро давом медиҳем ва ҳалқаҳоро меҷунбонем.
Ба Абдунабӣ хат кардам. Аз табрикномааш хурсанд шудам.
2 Хайр, туро муштоқона мебўсам. Воқеан, Салоҳиддин кўчида омад? Ду-се хат кардам, ҷавоб нагуфтанд... чӣ шуда бошад?
9.01.6 ДАР ҲОШИЯ: «Пули Есенинро гирӣ ҳам мешавад, нагирӣ ҳам, ба худат кадомаш осон бошад...»
ДАР ПУШТИ ВАРАҚ: (уреб) «Натарс, зер кун!»
Ва ман ҳар хоҳишу дархосте, ки аз ҷониби Лоиқ мешуд, ба ҷо меовардам.
Тадж. ССР, г. Душанбе, ул. Зафар, 249.
Содиковой Х.
Хамроеву О.
Салом, модари азиз!
Аз хати Облоқул фаҳмидам, ки анча дард кашидаед. Ин хабар маро хело хафа кард. Лекин илоҷ нест. Худо худаш ҳам дард медиҳаду ҳам дармон. Хайрият, ки сиҳат шудаед. Дар ин мусофирӣ ин хабар маро хеле хурсанд кард.
Ман моҳи май аз шумоён посилка гирифта будам. Бисёр миннатдорам. Акнун дигар посилка лозим нест. Худам рафта мехўрам.
Фақат шумо саломат бошед, ба сари мо соя андохта истед, дигар давлат лозим нест.
Апаҷон, аҳволи ман хело хуб. Хизмат тамом шуда истодааст.
Агар ягон қарори нав набарояд, ба қарибӣ меравам. Лекин аз ҳукумати ҷоноҷони советӣ ҳар чизро чашм доштан мумкин. Гапгап ҳаст, ки семоҳа ҷамъомади мо барин каҷукилебҳо мешаваду баъд ҷавоб. Ҳамин ҳодиса агар бо амри худо рўй надиҳад, ман хушбахтам.
- Ин аз қабили «устод»-у «мавлоно», ки ҷинси занро «домулло» ном мебурдем.
- Ҷияни Раззоқов.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор