Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Апаҷон, худатона азоб надиҳед, дигар кор накунед. Писарҳоятон бисёр, шуморо хор намекунанд. Бо Мўҳтараму Зарнигор бозӣ карда баччагиро ёд оварда, дили беғам зада гардед. Дунё ба ғам хўрдан намеарзад.
Ба янгем аз номи ман салом гўед. Дар ҳо он масъалаҳо... ба ҳеҷ кас гап назанед. Ҳоло барвақт барин.
Хайр, модари азиз, саломат бошед. Ба ду, не, се янгем, яъне, келинҳоятон салом гўед. Ба писарҳоятон салом расонед.
Акнун ман ба Облоқул чанд гап дорам. Дар саҳифаи дигар хат ба ў...
Ба Облоқул
Облоқул, ман ба ту хат навишта як чизро фаромўш кардаам.
Аз ҳамон шеърҳое, ки фиристода будам, дубайтаи «Биё, меҳмони ман шав...»-ро ба ҳеҷ куҷо надеҳ. Вайро ман дар як шеъри калон истифода кардам. Бисёр қойим афтод. Мумкин ба бахти ман, ҳамин дубайтаро Убайдулло бо «Ақрабакҳо» гирифта бошанд. Пас «Ақрабакҳо» танҳо мемонанд. Танҳо чоп шудани ақрабакҳоро ман ба ҳеҷ сурат намехоҳам. Ё ягон шеъри дигар (масалан «Қалам»-ро) гирад, ё чоп накунад. Умуман як шеър чоп накунад, ки бечораро аз болои шутур ҳам мор мегазад.
Ман ин ҷо шеърҳои нав навишта истодаам. Баъд он бечораву дарбадарҳоро ҳам ба базми онҳо аъзо мекунам. Баъди чанде такопўю ҳарҷозанӣ ба услуби пешинаи худ баргаштам, ёфтам.
Кор нағз давом карда истодааст. Метавонӣ бовар кунӣ... Дигар навигарӣ нест. Мегўянд, ки имсол муаллимҳоро август ҷавоб намедодааст. Ҳоло фақат гап. Бинем, шаб обистан аст, то чӣ зояд саҳар...
Хайр, ба ҳама салом.
Туро муштоқона мебўсам.
Футбол рафта истодааст ё хоб ширинӣ мекунад?
4:0 кубокро бурд? Худоё!
Хайр! Хайр!
24.6. 66.
Новороссийск.
Агар аз Панҷакент онҳо омада монанд, дар хусуси ман (яъне он масъалаҳо) гап накушоетон. Чунин нишон диҳетон, ки ин кор дар хоби шабатон ҳам намедарояд. Бузургона...
Новороссийск, в.ч. 61853. М1
Лоиқ.
Номаҳоямон мисли сўҳбатамон буд: гуфтугў ё пурсупосух доштем. Ман салому паёми Лоиқро ба дўстон ва ойтиҳо мерасондам ва онҳо ба андеша ва муҳокима медаромаданд: «киро арўс гирем?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор