Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Ана ҳамин, ҷиянам.
Ба ойтиҳои мўҳтарам бирасон, ки то омадани ман аз самбўса ҳаққи маро монанд. Ман ҳар чӣ будам ё набудам, заслуженный самбўсакашон будам; баъд бирасон, ки ягон зани нейлоновый набошад ҳам, хлопчато-бумажный, аммо незаражённый ёфта монанд. Ман омада нархашро муайян мекунам. Алҳол мо бо чашми шишагии сунъӣ ба олам нигоҳ мекунем, сукут мекунем, лаб баста, ҳамаи шўхию бозӣ ва шаккокию сурхзабониро фаромўш мекунем ва дар зикри он оташи ҳиссиёти хубро ҳам лаҳза ба лаҳза кам мекунем. Баъзе ҷавонҳо ба ҳамин зиндагонӣ ҳам (зиндагии аскарӣ) меҳр баста, таърифаш мекунанд. Аммо дар калла бало не. Гоҳо дарс мешавад ва аз «Чоркитоби» ҳарбӣ сураҳо меомўзем. Ман ҳамоно аз ёд мекунам ва мегўям. Фармондеҳҳо мепурсанд, ки ту аз ин пеш хонда будӣ? Мегўям, ки оре, ҷаноб, ман барои аскар шудан хеле ва хеле тайёрӣ дидам... На фақат худам, балки якчанд великотаджик тайёрӣ дид...
Худоё, худи онҳо чӣ қадар вирд карда, такудав карда,...азоб кашида омўхта бошанд. Росташро гўям, ҳеҷ душворие надорад. Ба шарте ки фаҳмӣ. Агар фаҳмӣ, ки қонун қонун аст (хусусан қонуни ҳарбӣ), агар фаҳмӣ, ки ҳамин хел нашавад ҳам, намешавад, зеро давлат бояд муттако дошта бошад, ҳеҷ ҷои гилаю озор нест. Ҳамин қадар ҳаст, ки мо каме сояпарвард ва назокатзада ҳастем».
Чӣ навигариҳо? Есенин баромад? Ба фикрам, мунтахаби Сайидо бояд барояд ё дигар классикҳо, ба ман фиристон. Якто маҷмўаи «Фаввора» фирист, ин ҷо сағераҳо бисёранд, як хонем ва худро машҳур кунем. Як фаҳм, ки билети (удостоверение) аъзои союз шудани ман(!) омадааст? Агар омада бошад, бояд фиристонӣ...
Баъзан бо хат газета гуфтанӣ чизҳо ҳам шавад. Хайр, ба апем бисёр-бисёр салом бигў. Мўҳтарам (нахустдухтари Сорбон) чиҳо мегўяд? Гўй, ки хафа нашавад, як пагон савғо меорам. Ба янгаҳойи бисёрам салом. Ба ҳамаи рафиқон – Абдунабӣ, Умарқул ва дигарон саломи бисёри бебаркаш.
Бо эҳтиром ефрейтор Лоиқ.
3-01-66. Соати 2.00.
Шаби торики боронӣ.
Дар ҳошия: «Якто «Учебник русского языка» ҳам фиристон, нағзаша!»
«ИЛОВА: Мактуби дуйуматро гирифтам. Бахудо, ду рўз маст гаштам. Ҳам аз муваффақиятҳойи ту, ҳам аз худам, хеле хурсанд шудам. Мо киёнам? Ман 8 саҳифаро каме пештар навишта будам, аммо вақт нашуд, ки фиристам. Баъзе гапҳо ва талабҳояшро ту пешакӣ пай бурдаӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор