Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале акси ҳол – ба ҷойи он ки духтаронро ин сухан хуш ояд, ангез медоданд, ки камондор Лоиқро парронад. Ва ҳамин дам шарики дигар аз мошин баромада ба камондор гуфт:
— Медонӣ, у кияй? Лоиқ. Шоир. Ин ҷо шоирон кайф доранд.
Биё, бирем.
Мошинро сахт газ дода рафтанд. Асаби Лоиқ вайрон шуд ва мо ҳама мурғи ба об афтода будем. Лоиқ пайиҳам қадаҳ бардошт ва моро навохт:
— Айби худамон. Ҳеҷ чиз нагуфтем, тори сарамон баромаданд.
– Шумо ҳаматон мурда. Ба даҳон об мегиред, гумон мекунанд, ки метарсед. Як бор-ду бор ҳамин хел шасташонро гардонед, ин бангиҳо мефаҳманд, ки ҳоло одамони ҷондор будаанд. То кай ман аз номи шумо меситезам. Агар ман ҳамин ҷо набошам?
— Агар шумо ин ҷо набошед, мо ҳам нестем, – гуфтам ва Лоиқ маънийи ҳарфи маро дарёфта хандид ва даст сўйи ман дароз кард.


Номаҳойи нахустини Лоиқ аз Новороссийск буд. Ҳикоят аз фироқу аз рафта расиданаш. Ва бо чӣ корҳо машғул шуданаш:
«Облоқул, ман асари Балзак «Шагреневая кожа»-ро хондам, албатта ту ҳам пайдо карда хон. Бисёр қиссайи аҷиб...»
Дар ҷавоб навиштам: «Зани сисола», «Падар Горио», «Гобсег», «Полковник...»-ро хондаам, асари тавсия кардаатро то номайи оянда мехонам».
Баъди салому паём: «Сари сабз» бояд баромада бошад, пулашро гиру ба ман ҳам каме фирист. Булочка харида мехўрам...»
Ва сипас бо шаройити ҳарбӣ шинос шудааст, ки номаҳо муфассал буданд ва завқ дигар:
«...Табрикномайи (солинавӣ) Раззоқов ва шумоёнро хондахонда хоб кардам. Росташро гўям, суханҳойи оддиву маҳрамона ва содиқона акнун ба дили ман асар карда истодааст. Дар ин ҷо хат чунон қимат дорад, ки агар аскаре се-чор хат гирад, ҳама ба сари ў омада аз дўстӣ муштборон мекунанд... ман аз дур – аз мусофирӣ истода, ба қадри ҳамаи он чизҳо, лаҳзаҳо, кирдорҳое, ки як вақтҳо аз болояшон хез карда, назарногирона гузашта рафта будам, расида истодаам. Лекин баъзеаш баъди тўй нағора...
Ба ойтиҳо: Ҳалима-ойтӣ, Ина-ойтӣ, Валяхон, Ира-ойтӣ, ба Музаффара-ойтӣ ва ғайраҳо салом ва таҳнияти фарзандӣ бирасон. Радио бо ҳамаи охуну охунчачаҳо, бо Нақибу Отабекҳо хуб аст, зеро он ҷо озодӣ дорад, шўхию бозӣ, обпошӣ, самбўсахўрӣ, шашликхўрӣ, ҷанҷолҳойи ширин, ранҷу озорҳойи яклаҳзагии гузарони то хушк шудани дока, бемазагиҳои фаҳмо, гиреҳҳои бозшаванда дорад. Ин ҷо фақат фармонҳо мешунавӣ. Савол додан, пурсидан ё худ бо худ муҳокима кардан қатъӣ манъ аст.

пешина
аз 428
навбатӣ