Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ҳамроҳи Лоиқ мерафтем ба ҳама гуна намойишҳо: ҳатто ду дастайи ҷавонон футбол бозӣ кунанд, мерафтем ва медидем, ки райисамон Воҳид Шарипович аз мо пештар он ҷо ҳозир шудаанд. Зеро дар он замон – даврони ҷавонӣ ва навкорийи мо ҳама чиз қадр дошт, қимат дошт: хона қадр дошт, мошин қадр дошт, пул қимат дошт; муносибату муомилаву сўҳбату сухан; китобу шеъру ҳикояву сурўду тарона; бозиву футболбозиву пойгаҳ; пахтаву тамокуву мева... ҳатто одам қадру қимат дошт. Касе ҳадд надошт аз бинӣ боло сўйи дигаре овоз барорад, дўғу даранг кунад; таҳқир намояд. Мағозаҳойи варзиш пур аз тиру камон буд, хариду фурўш мешуд, вале касе намеёрист ва ё ҳуқуқ надошт, ки сўйи каси дигар мили камон рост кунад.
Зеро ҳамагон медонистанд, ки инсон қадр дорад, пушту паноҳ дорад, ҳуқуқ ҳимоя мекунад ўро. Одамон ташна ба ғизойи маънавӣ буданд. Ҳар китобе чоп шавад, дар магазинҳо намепойид.
Ҳар рўзномайи хуб дар дўконҳо намеистод. Мардум харидорӣ мекарданд ҳар чизи хубро. Агар дар рўзномае шеър ё ҳикоя ва ё мақолайи хубе нашр шавад, ҳаводорон дўкон ба дўкон ҷуста пайдош мекарданд ва ё аз дасти дўстон гирифта мехонданд ва дар атрофи он чизҳо гуфтугў мешуд. Аҷаб замоне буд: шеъри Лоиқ, сурўди Ҷўрабек, шеърхонийи Маҳмудҷон, рақси Малика, футболбозийи Ғуломҳайдар афсона буд. Аҷаб замоне буд: ғами саломатийи туро мехўрданд; духтурони вобастайи ҳар кўю гузар хона ба хона гашта таъкид мекарданд, ки мизоҷон баройи ташхис раванд; ба тани дурусти ту замонату кафолат медоданд. Аҷаб замоне буд: кор куну бихур! Ҳама баройи як кас, як кас баройи ҳама низ кор мекард.
Аҷаб замоне буд: аз хонаат то Камчатка, то Наздибалтика, то Кавказу Осиёйи Марказиву Қутби Шимол баробари сокинони он маҳалҳо ҳуқуқ доштӣ. Дар ҳамон ҷо ҳам касе пишаки туро пишт гуфта наметавонист.
Мо як гурўҳ ҷавонони навзуҳур, гўё хешро шинохта будем ва аз даврони Шўро комронӣ мекардем. Ягон сабабе ё баҳонае пайдо мешуд, ки бо лофу газоф ё нўшбод, ё ситойиш, баъзан бо тамаллуқу хушомад шабро рўз мекардем ва баъзан миёни сўҳбатро шикаста бурун мерафтем. Зеро Лоиқ оташи баланд дошт ва «оташ» дар оташ нагунҷида ўро таҳрик медод, ки зери осмони кушод барояд. Ва дар ҳар ҷо, ки бошем, рў ба сўйи муҷассамайи Одам-уш шуаро меовардем. Ба побўси он расида, бозмегаштем хиёбони марказийи шаҳрро ва сурўдхонон меомадем то назди ҳайкали Айнӣ. Расм шуда буд, ки дар адабиёт ин ду саромадро «устод» гўянд. Дигар касеро мо намедонистем, ки устод номанд.
Муарраби омўзгор. Ба маврид бувад зикр кардан: рўзе нависандайи хушсалиқа Ҷумъа Одина чоштгоҳ назди бинойи Иттифоқи нависандагон пайдо шуд ва ҳамроҳи Лоиқ дуди сигаретро ба осмон сар дода чақ-чақ доштанд.

пешина
аз 428
навбатӣ