Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Мошине омада истод ва нависандае аз он пиёда шуда пеш омад. Чун сўҳбат ба шабгардийи мо давр зада буд ва аз муҷассамайи устод то ҳайкали устод зикр мешуд, баъди салом Ҷумъа Одина ба он нависанда лутф кард:
— Устод, нағз ҳастед?
Ману Лоиқ хандидем ва он кас шўриданд:
— Ҳамин ҷо ҳам бахилӣ. Ана ман неву шумо – устод!
Ва аз он лаҳза масхара мекардем ҳамдигарро ва ном мебурдем «устод». Яке шўхӣ фаҳмид, дигаре ҷиддӣ ва дидем, ки хурду бузург якдигарро устод мегўянд... Дере нагузашта кўҳна шуд «устод»
гуфтан ва таъбири дигар меандешидем: «мавлоно». Чанде гуфтем, вале ба касе начаспид. Лоиқ пайваста Ашўр Сафар, Қутбӣ ва баъзан Мўминшоро «мавлоно» мегуфт. Ба Ашўр Сафар часпид, касоне ўро чунин ном мебурданд. Баъзан Қутбиро. Аммо ба Мўминшо начаспид. «Устод» он қадар маъво гирифт, ки эрониҳову афғониҳойи ба Душанбе омада зуд ин «рутбаро» пазируфтанд.
Ҳоло ҳама «устод».
...ва мерафтем аз пояйи муҷассамайи Устод Рўдакӣ то назди ҳайкали Устод Айнӣ ва бармегаштем сурўдхонон. Дар он замон, ки омаду рафти ҳунармандони Афғонистод расм шуда буд, сурўди «Рафтем аз ин боғ» дар забони ҳамагон буд. Ва мо низ хор мехондем тамоми роҳ. Ва баъзан ба хобгоҳи Донишгоҳи давлатийи Тоҷикистон мерафтем то Масложир, ки Абдунабӣ Сатторзода он ҷо умр ба сар мебурд. Аҷаб замоне буд!
Аҷаб замоне буд! Ва наҷиб касоне!
Ва аҷаб давру давроне буд: пулдор буду имтиёздор; пулдор имтиёз надошт ва имтиёздор пул. Вале пулдор имтиёз пайдо карда метавонист. Ҳар ду забон як мекарданд; пулдор имтиёздорро истифода мекард; мошиндору хонадор мешуд. Ба ном мошини каси дигарро савор шуда мегашт, дар хонайи каси дигар менишаст. Ва ҳамон ки сархуш мегашт, мегуфт: «Шоиру нависанда дар пеши мо киянд? Воло назарам гирад онҳоро. Лозим шавад, мехарам ҳамаашонро.» Ва баъд на танҳо адибон, балки аҳли ҳуқуқ, аҳли ҳизб ва ҳатто коммунистони ашаддиро мехариданд. Кевид, рахна пайдо кард, дарз овард ҳама чиз. Чинивориҳойи асил ҳам мўй оварданд. Доно нодон шуд, нодон – доно.
Ва аммо аҷаб буд: пилро мегузарониданд аз чашми сўзан. Дунё соҳиб дошт; қадами монда ба ҳисоб буд ва ҳар кас дафтари аъмол дошт. Ту намедонистӣ, онҳо медонистанд. Як рама дусад чўпон дошт. Вале гург мехўрд барраҳоро.
Ҳамон вақт ҳам айби касон буд; бовар карда ба онҳо мансабу вазифайу курсӣ бахшиданд; ҳамайи имтиёзҳоро доданд; мағозаашонро аз мағозайи умум ҷудо карданд; ба ихтиёрашон мошину ронандаву хидматгор доданд; дар мактабҳойи махсус хононда, дастурашон доданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор