Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз ў рўйи маро сила мебахшад, чунон ки рўзи ба хидмати ҳарбӣ гусел карданам аз алам ё аз дурӣ ва ё «ман мераваму ў мемонад», дудаста сахт ба ду рўям зада буд ба ҷойи навозиш.
Тирамоҳи соли 1965. Вокзали шаҳри Душанбе. Аз ин ҷо бисёр ҷавононро гусел ба хидмати ҳарбӣ кардаанд. Ман ин замон Лоиқро гусел мекунам. Ҳарду каноратар аз дигарон ҳарфҳойи баҷойӣ мегўем: дар борайи адабиёт, китобҳойи ба нашрия супурда; дар борайи бахти оянда – мавзўии хонадоршавӣ. Ба назари ман паси сутуни битонийи чатри барқади саҳн касе ҳаст, ки нимрўву як чашм менамояду пас мекашад ва нигоҳи Лоиқро дарёб намекунад.
Ман низ чизе намегўям, шояд, шояд ў дигареро нигарон бошад ва ба чашми ман тобад. Зеро ман ҳама касони Лоиқ донистаро медонистам, агар имшаб ўро пайдо накарда бошад. На, ин аз онон нест. Ҳаё дорад ва рўяш намешавад, ки пеш омада ба ҷавон чизе гўяд. Шояд чунинонро Лоиқ мехоста бошад, аммо намебинад ва намедонад. Рўймол низ кашида ба сар, шинохтан душвор. Ишора кардам Лоиқро ва худ назди ёру дўстон рафтам, ки ба гусели Лоиқ омада буданд. Ў худро паси сутун кашид, яқин ки маро низ шинохта. Ва Лоиқ сигарет дуд карда он сў рафт ва духтарак гурехта ба қатора даромад. Лоиқ низ. Ва ман дидам, чӣ гуна духтарак аз дари паси вагон бурун омаду сўйи автобус давид ва рўймолаш пушт рафт гоҳи ба мошин нишастан ва дидам он духтар аст, ки бо Лоиқ рубоийи халқӣ хондан мехост.
Ва паровоз садойи ҷонгудози фироқ кашид. Ашк ҳалқа зад дар чашмони мо. Баъди ба канор кашидани ҳамдигар; навозиш буд, сўзиш буд ва ё алам Лоиқ кашидаву кушода дудаста ба ду бари рўйи ман зад. Як даста оташ парид аз чашмонам. Ва гўшонам қуфл заданд. «Ту чаро намеравӣ?» садо дод гўшам. Сахт буд зарба, вале ман хандидам, то ў хафа нашавад. «Ту ба ҷойи ҳама... падару модарам ва бародарамро хабар накардем, то ташвиш накашанд.
Бинӣ, мегўйӣ, ки Лоиқ дар аскарӣ. Агар на, худам аз қисми ҳарбӣ менависам.»
«Лоиқ видоат гуфту рафт!» – шўхиомез аз паси панҷарайи вагон даст афшонда хонд ў ва қуллоб кашида дуди ғам аз тиреза бурун кард ва чашмони бодомиашро бо мушт сутурда «Худата эҳтиёт бикун!» гуфт. Қатора медавид, ман медавидам; рў ба рўйи тирезае, ки Лоиқ буд. Ў лабханд дошт ва дар ҳамон ҳолат ҳам ҳазл мекард: «Бидав! Давидани гўсола то каҳдон!» Вале қатора суръат гирифт ва ман пас мондам ва вагонҳо шип-шип аз барам мегузаштанд...
Ман бори нахуст танҳо мондам. Дар миёни адибон, рафиқон, ҳамкорон, ҳамсўҳбатон ва як шаҳр одам танҳо мондам. Он ки дилаш монанд ба дили ман буд, он ки хаёлаш рангин, парвози фикраш то чархи барин, шеъраш намакин ва феълу атвораш сангин буд, дур рафт. Ман акнун дар хиёбонҳойи сердарахти сояафкан, бо пайроҳаҳойи ошно, тангкўчаҳойи миёнбур ҳамроҳи ў гом намезанам; кино намеравам; футбол намеравам; ба ҳар гуна намоишу бозиҳойи кўчагӣ ҳавас надорам.

пешина
аз 428
навбатӣ