Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ҳммм... баройи ту мо ким-кӣ! – Ва сахт гуфтанд: «Ман Лоиқ! Ту кистӣ?»
— Ман – генерал Мирзоев!
— Намешиносам...
— Чӣ хел намешиносӣ? Аз Масчоҳ то Ургуту Уротеппа ҳама мешиносанд...
— Ман генерал Мирзоевро мешиносам, ҷўра, лекин ту он нестӣ.
Мўят монанд, лекин ту Ғаффор Седой нестӣ. Вай ҷавонмард, туроҳзан! Чаро паррондӣ?
— Чаро надоштӣ?
— Ту кистӣ, ки дорам?
— Ман генерал Мирзоев...
Ва часпиданд ба Лоиқ. Онҳо чаҳор тан, мо низ. Онҳо Лоиқро он сў мекашанд; сўйи «Волга»-е ки рў сўйи Душанбе дорад ва мошини мо рў сўйи Панҷакат; мо ин сў. Онҳо чаҳор тани пурзўр, яке тоқипўши пилтан ва аз рўйи костюм ҷомайи олболуранги порчаматоъ пўшида, ду тани дигар чарминапўшанд. Лоиқро онҳо он сў мекашанд, ки ба мошин баранд, мо низ мекашем, ки ба мошини худамон шинонем. Устод паст намеоянд. Вале ман ба гўши устод мехонам, ки ором шаванд, вазъ ноҷўр нагардад. Вале устод медаманд:
— Кӣ парронд!
— Ман паррондам! – садо баровард чарминапўше, ки варзида метофт.
— Чаро паррондӣ? – такрор мешуд пурсу посухҳо.
— Чаро надоштӣ?
— Ту кистӣ, ки мошин дорам?
— Ман генерал Мирзоев...
— Ту – гўҳ! Ман генералро мешиносам!
Ва генерал андаке суст шуд ва ба даҳонҷанг гузашт кор. Генерал чун дид, ки Лоиқро аз дасти мо рабуда наметавонад, интиқомро ба фардо гузошт:
— Ман туро аз бағали янга бардошта оварда дар ҳамин ҷо дар бехи гўшат тир назанам, ман кунте.
— Бош!
Яке он пилтани ҷомапўш забон кушод:
— Э дунё аз дасти шумо шоиру нависандагон хароб шуд...
Шумо ҳама ин моҷароҳоро овардед. Давлати Шўро аз дасти шумо вайрон шуд. Ганда гуфтед, гўрҳоро кофтед, пеш нағз буду ҳоло бад, гуфтед...
Ва он қадар тез мегуфт, автомати Калашников он зайл парронда наметавонист. Аз лаҳҷааш донистам, аз аҳли Фарғар аст, шўр меангезад. Ба ҷойи он ки ба ислоҳ орад ва ҳар ду тараф саломат бошем, иғво мекунад, то генерал ё ҷондоронаш коре бикунанд ношуданӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор