Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо кистед, ки равған ба оташ мерезед? – пурсидам.
— Ман ҷонишини генерал! – ў чунон тезу дардариёна мегўяд, нисфи калимаҳоро мехўрад ва кас намефаҳмад чӣ мегўяд.
— Дар дунё ҳамин хел ном ҳам ҳаст? Номи ман Сорбон, номи шумо чӣ?
— Эъ! – якбора китфонаш боло шуданд ва тез гуфт: – Эъ шумо падари Афзалшо-а? Эъ шумо падарарўси Афзалшо-а? Эъ шумо нависанда-а? Эъ мо шумоя мешиносем... Номи ман Баҳром.
— Наҳс! Ситорайи наҳс! – шарҳ доданд устод маънийи номи ўро, вале онҳо нафаҳмиданд.
Лоиқро раҳо карданд онҳо. Ман ўро ба дасти Ҳасанбою писараш Парвиз супурда гуфтам: «Ба мошин баред.» Бо генерал будам. Генерал фармуд:
— Устод, мо шуморо мешиносем. Ҳурмати шумо. Ҳоло ўро сар додем, лекин ман ба гапам меистам: агар ўро аз бағали янга бардошта оварда дар ҳамин ҷо дар бехи гўшаш тир назанам ман кунте! – такрор кард ў, ман ба лаҳҷааш диққат додам, ки лафзи куҷоро мемонад, аз рўйи китоби дарсӣ сухан мегуфт. Дар ҷавоб гуфтам:
— Ба эҳтироматон ташаккур, генерал Мирзоевро кӣ намешиносад? (аммо дар дилам ва сари забонам ҳарфҳойи дигар буд, ки гуфтан бало меовард.) Корномаҳойи генерал Мирзоев шойистайи китоб аст. Иншооллоҳ рўзе менависанд.
Ва онҳо сўйи Душанбе рафтанд, мо сўйи Панҷакат.
— Баъд ба ягон ҷо маълум накардетон? – пурсиданд ако.
— Ба ҳама органу ҳокимҳо пайк расондем: «Ҳа, ҳамин хел роҳзанҳо баромадагӣ, эҳтиёт шудан лозим» гуфтанд, аммо илоҷе наҷустанд..
— Ин кай буд?
— Тобистони соли наваду шашум.
— Хонашон обод.
Ва мошине аз паҳлўйи мо гузашт, ки садойи Лоиқро дошт:
«Дар миёни кўҳсорон сахтҷонам зодаанд...» Моро ҳушёр кард, ки чаро мошинро доштем. Ин қиссаро раҳораҳ гуфтан имкон дошт-ку! Бояд шитофт, то зудтар дарёбем ҳолати ўро. Медонам, ки дўстон гирди ў зиёданд, вале ҷойи мо дигар. Бисёр касон меоянд ба аёдату ҳолпурсиаш: Масов, Убайдуллоев, Мирзошоев, Достиев, Маҳмадов, Ҳамроқулов... ва шояд мўҳтарам президент ҳам вақт ёфта хабар гиранд. Дўстон аз ҳад зиёд гирд меоянд; Абдунабӣ саргузашту хондани замони омўзишгоҳро ҳикоят мекунад ба баъзеҳо, ки Лоиқ дар он замон чӣ гуна буд; Дорову Меҳмон аз хонишу хархашаҳойи даврони Донишгоҳ хикоят мекунанд, Мўминшо канда-канда таҳрири аввалин шеъри ўро мегўяд, Фарҳод бузургийи устод ва чӣ гуна нашр шудани «Фарёди бефарёдрас»- ро мефаҳмонад, Шарифбеку Зафар дар борайи маъракаҳойи устод ҳикоят мекунанд.

пешина
аз 428
навбатӣ