Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ хел? Кай? Чаро ман хабар надорам?
— Ба шумо нагуфта будем, ки ғам мехўред. Ҷамшед медонад.
А?
— Гуфта будед. Ҳамон шабе, ки ҳар ду қутканда ба хона омада будед, гаштаву баргашта он ҳодисаро мегуфтед ва кормандони милисаву органҳойи дахлдорро дашном медодед. Додом он шаб то рўз шароб хўрда меғурриданд мисли шери хашмӣ, ки мо ба чӣ рўз расидем. Ба назарам соли наваду шаш буд-а?
— Ҳо, соли наваду шаш буд, – тасдиқ кардам сухани Ҷамшедро ва мошинро боздоштам рў ба рўйи корхонайи Ҷикрўд.
— Худаш ҷойи хуб набудааст, – баробари аз мошин пиёда шудан гуфтанд ако ба шохоби хокистарранги аз он дара ҷорӣ нигариста ва афзуданд: – Зарафшонро ҳамин шохоб расво мекардааст-дия.
— Танҳо ин шохоб не, ако. Хингоби Масеҳоҷо низ серрег ва ғажд.
— Бале ба ҷони мардуми ин қадоба. Мабразҳойи Фарғар низ даҳон ба рўд мекушоянд. Ҳай дареғ... Пасттабъу пастназартар аз мардуми мо касоне низ бошанд, ки ба ҳамайи ин ғаждиву ифлосӣ тоқат кунанд?
— Муҳитамон ҳамин хел, мўрро накуш гуфта таълим медиҳем ва магаси аз мабраз ба сари дастархон нишастаро намеронем. Вале номус дорем, гуфта наъра сўйи ситора мекашем.
— Ифлосӣ фасод зояд. Вагарна ҳамин ҷо ҷоест, ки сўйи шумо тир кушоянд?

«Зарафшоно, чӣ монд аз он зарафшонит?
Зарафшон, модари ҷон, шўри пешонит!
Зарафшоно, кӣ мегўяд зарафшонӣ?
Зарафшоно, ту ҳоло заҳрафшонӣ!»

— Ана дар ҳамин ҷо, ако, бинед: на истгоҳ, на ҷойи боб, на нишонаест ин ҷо. Дар рў ба рў, он ҷо, чаҳор тан истода даст боло карданд, ки мо мошинамонро дорем. Писари Ҳасанббой Парвиз мошинро надошта гузашт. Онҳо ҷониби мо тир кушоданд. «Дор!»
фармуданд устод ва дарро кушода сўйи онҳо дод заданд. «Онайи паррондагиро..! Кӣ парронд?»
Чаҳор тан гўё сайд ба дом оварда бошанд, ҷониби мо тохтанд.
Устод Лоиқ боз дод заданд: «Кӣ парронд?»
Онҳо посух намегуфтанд. Наздик омада бозистоданд. Нафаре пастак, мўйи мошубиринҷийи кўтоҳ пероста, рўйи сапеду чашмони обӣ дошт. Ва зери ҳавойи шоми тобистон чеҳраҳоро хуб фарқ кардан имкон дошт. Ў сўйи устод нигариста:
— Эээ, ман ин касро шинохтам, қудойи Шарифбек! – гуфт.
Устод шинохтани ўро масхара карданд:

пешина
аз 428
навбатӣ