Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Сиёсӣ» сурху сафед мешудем, ки на забонро медонанд ва на навишта метавонанд. Вале муовин онҳоро ва кори онҳоро писанд медонист. Ва Иноят-ойтийи азиз, ки моро ҳукми модариву хоҳарӣ дошт, гириста-гириста аз Толис ёд мекард ва бисёр адибони имрўзайи тоҷикро ба мо бо гуфтораш шинос менамуд...
Ва оҳиста-оҳиста худамон бо онҳо шинос шудем. Хонайи нависандагон дар кўчайи Орҷоникидзе воқеъ буд, наздик ба хонайи Радио. Дар паси бино майдончае буд. Фазлиддин Муҳаммадиев, Мўъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Мастон, Лоиқ, Муҳиддин, Ҳабибулло ва банда ҳар рўз баъди кор чавгонбозӣ мекардем. Шавқу завқе доштем, гўё ҳама як одам будем ва якҷоя адабиёт меофаридем. Устод Фазлиддин баъзан-баъзан мепартофтанд: «Ин ҷавонҳо дигар: бозиашон ҳам дигар, навиштаҳояшон ҳам дигар.» Намефорид ба баъзеҳо ва кам-кам бахилӣ пайдо мешуд, ҳар хел суханҳо мешунидем. Баъд дар муҳокимаҳойи асарҳо бухлу кина рух медод. Кӣ чӣ ҳаст, фош мешуд. Балогардон устод Турсунзода буданд. Устодон Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ аз тирезаҳо нигоҳ карда завқ мекарданд ба бозийи мо ва Ниёзӣ гоҳ-гоҳ ба Фазлиддин Муҳаммадиев шўхӣ мекарданд: «Мулло Фазлиддин, шумо ҳам баъзан-баъзан ин баччаҳо барин ҷаҳед, охӣ, ақаллан Мўминшо барин... Ё худам буром!?»
— Як буромада бинед...
Пасон гоҳе ки дар ошхонайи паси бино наҳор мехўрдем, дар ҳузури устод Турсунзода сухан аз бозийи мо мерафт ва боз Ниёзӣ ба хадуки Муҳаммадиев мерасиданд:
— Мирзоҷон, соати чор-панҷи бегоҳ ҳамин ҷо бошед, бозийи инҳоро тамошо кунед. Мулло Фазлиддин тамоман хез намекунанд...
— Ҳммм... – мадд мекашанд устод Турсунзода ва холи пушти лабро молида табассум мекунанд. Ва ба Ниёзӣ рў меоранд: – Аз як шаҳр баромадед, қариб як ҷо мегардед, ҳоло ҳам Фазлиддинро намешиносед, Фотеҳҷон. Фазлиддин баҳудаву беҳуда хез намекунанд.
— О хез кунанд-дия! Дигарон хез мекунанд, аз ҳаво ҳаппакро медоранд, мулло Фазлиддин нигоҳ карда меистанд, ки кай ҳаппак омада ба белчаашон мехўрад.
— Бед имрўз ҳардуямон бозӣ мекунем, Мирзо Турсунович доварӣ мекунанд.
— Дигарон хез мекунанд, ҳатто Убайдулло бо ҳамин тану тўш, Мўминшо бо ҳамин харобӣ... шумо хез намекунед...
— Устод гуфтанд-ку, ман беҳуда хез намекунам. Давидани гўсола то каҳдон...
— Чӣ, шумо аз гўсола калон? Баройи ҳамин хез карда наметавонед? Гўсолайи навиштаатон ҳам «дум хода карда пеши роҳи мошинро мегирад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор