Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То мўйро аз хамир ҷудо карда, баду некро дарёфтанд, ки Лоиқ азоби зиёд кашид. Доройи Дўст он вақтҳо ҳамроҳаш буд ва баробараш ғусса дошт. Сарнавишташ аз кулфат сохта шуда будааст.
— Баъд хуб умр ба сар бурд..
— Оқибаташ чӣ? Дар эҳёхона хоб бошад...
— Худо хоҳад, анҷоми нек дорад.


Баъд чунон шуд, ки се тан – Лоиқу Абдунабиву банда дар шўъбайи адабийи радио коргар шудем. Завҷайи шодравон Толиси нависанда Иноят Рустамова мудири мо буд. Ҳикоят мекард, ки рўзе Толис ба хона омада кафи дастҳо ба ҳам зада сойид ва хушнудона гуфт: «Як шоири хуб тавлид шуд... Лоиқ ном дорад. Як шеърашро қабул кардем, дар маҷалла чоп мешавад. Ба Мўминшоҳ низ хуш омад...» Ва Лоиқ болида ягон-ягон дар борайи радиову кормандони он хушгўйиҳо мекард:

«Эфир аст ин, Радио? Ё қар-қари зоғост ин?
Паф-пуфи гўяндаҳо ё хонайи ғавғост ин?
Ё муҳаррир, ё мунаққид, ё хамўши сад забон,
Хоксори худписанд ё писари Ҳамрост ин?»

— Лоиқҷон, мурам ба шумо, Шарипов ё Каримов нафаҳманд,
ки мани берўзиро азоб медиҳанд. Киро овардӣ ба сари мо, мегўянд.
— Хайр, ойтиҷон, дигар дар борайи худам мегўям:

«Он Лоиқи шўхшанги бебок,
Самбўсакашони радио буд,
То ки нашавад зи кор маҳрум,
1
Чойрезаки Фазлиддин – тағо буд.»

Ва душвор буд дар радио кор кардан. Сахт буд сензура. Салларо биёр, гўянд, калларо меоварданд. Ва касоне буданд, ки чӣ маънӣ доштани ёраб, оллоҳ, ҷаббору қаҳҳору сатторро намефаҳмиданд;
Худо ё Худованд бошад, он навиштаро дар эфир роҳ намедоданд.
Ҷонишини раиси радио забонро ба сўрохийи бинӣ расонда «Чӣ шумо гумон мекунед, мо намефаҳмем, мо ҳам мефаҳмем!» гўён тез мешуд. Ва мо гиребон медоштем: «Худоё, бандаҳоятро гардам!»
Дар ҳар маҷлис бо кормандони «Хоҷагийи қишлоқ» ва шўъбайи

  1. Лоиқро аввал ба шўъбайи мусиқийи радио баройи озмун гирифта буданд.
    Фазлиддин Шаҳобов мудири шўъба буд.
пешина
аз 428
навбатӣ