Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бозиро ба адабиёт бурдед, мурод чӣ?
— Бозиро бой додед, пагоҳ ош шавад, Сорбон мепазад.
— Пагоҳ навбати ман, – аз ҷайб пул кашида назди Калон Атоевич – райиси хазинайи адабӣ гузошта мегўянд Мирзо Турсунзода ва Ниёзӣ пулҳоро аз нав қабза карда ба ҷайби устод гузошта, мефармоянд:
— Мирзо Турсунович, то ба хадуки ҷавонон нарасед...
— Не-не, – даҳон пури ханда сухани Ниёзиро мебуррад Убайд Раҷаб, – Не-не...
— Ҳммм... – мадд кашиданд устод ва ҳарфи Убайдулло дар даҳонашон монд.
— Калон Атоевич, хонайи Шанбезодаро ба номи Лоиқ нависед... Фотеҳҷон, Лоиқ ҳуҷҷат тахт кунад, дар маҷлиси навбатӣ ба узвият қабул кунем.
— Мирзо Турсунович, китоб...
— Шеъри «Ба модарам» магар китоб нест? Мо ҳам ба модар шеър бахшидагӣ... Лекин ангорайи модари тоҷикиро Лоиқ дар шеъраш таҷассум карда тавонист. А, Мўминшо?
— Ҳамин тавр, устод. Шеъри Лоиқ бўйу таровати дигар дорад.
Зинда, аз сари ҳамаамон ин чизҳо гузашта, аммо Лоиқ дида ва гуфта тавонист...
Лоиқро арақ пахш кард. Кафи даст зуд-зуд ба пешонӣ бурда пок мекунад. Кафонаш низ арақ мекунад ва бо ҳавойи даҳан пуфпуф мекунад. Аммо чизе намегўяд. Ман низ хомўш. Мушоҳида мекунам. Бадхоҳон дар ин давра нестанд. Лекин Лоиқ бехи гўши ман мегўяд: «Боз дар балойи Шанбезода мондем». Ман сар меҷунбонам. Фотеҳ Ниёзӣ аз баногўшийи мо рамуз мегиранд:
— Ҷавонон гўшакӣ доранд, ки навбати ош аз Лоиқ.
— Ҷавонон ҳоло ёд гиранд. Об аз хурд, нон аз бузург.
— Мулло Лоиқ ду бор ош мекунанд-дия. – хандон гуфт Убайд.
— Акайи Убайд ҳам аз ош халос. Убайд – хурд. – Ҳазл кард Лоиқ ва фармуд: – Устод, ману Сорбон ош пазем.
— Чиба-чиба, – арбада карданд Ниёзӣ. – Убайдулло хурд не.
Ин тану тўша бинед!
— Муаллим, Убайдулло то шумо барин мешаванд, ки...
— Шумо як умр ба хадуки ман мерасед-дия, мулло Фазлиддин!
— Ман шуморо дўст медорам, укетон барин.
— Шавкатҷон укем, ман катӣ ин хел рафтор намекунад.
— Аз эсатон баромад-дия, – Самарқанд-ча карданд Фазлиддин.
– Дойим манша мекунед. Шавкатҷон истиҳола мекунад дар назди шумо гап задан-ба.
— Вай укем, мебардорад. Шумо масхара мекунед.
— Ман ҳам укекатон, шумоя нағз мебинам...

пешина
аз 428
навбатӣ