Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Не-е! Чунин накунам, паррон маро, вале чунин накунам, – каме ковок шуда ва гиребони пиҷакашро кашида гуфт Ромиз.
— Бисёр кори хуб бикунӣ, нахоҳӣ, ки мисли одамони дуруст зиндагӣ бикунӣ.
— Пас зиндагӣ кардани ман лозим нест?! Зиндагӣ, ки нест, пас ман мурдаам... Мурда ва ҳатто каси нимбисмил барои ҷамъият лозим нест. Ҳамин хел не?
— Надонам...
— Надонӣ... Агар ки надонӣ, чаро маро ин ҷо кашола карда овардӣ?.. Агар надонӣ, бирез!..
— Бас, Ромиз...
— Ба-ас Роми-из... Бирез! Ман ҳақамро аз зиндагӣ ситонам.
Ман аз он ройгон мемурдагиҳо не...
— Оҳ! Ана акнун ба худ омадӣ. Ман ба ҷои ту бошам, ин хел истеъдод дошта бошам, театрро девона мекунам...
— Девона! Боз мегўӣ, ки ман зиндагиро медонам, балоро медонӣ. Истеъдод ба кӣ лозим?
— Лозим, Ромиз, лозим... Вақташ ояд, мефаҳмӣ.
— Баъди сари ман хоҳ офтоб барояд, хоҳ не...
— Ходимаи зебо, як дақиқа, – пешхизматро даъват кард ў.
– Хонумҷон, як шиша «Экстра».
— Лозим не, шўхӣ мекунад, – ба ходима фаҳмонд Соҳиб.
— Не, лозим... бигузор донанд, ки мо ҳам нўшида маст шуда хулиганӣ карда метавонем. Бигузор донанд! – пойҳояшро ба фарш тира карда ва курсиро андаке пушт тела дода гуфт Ромиз. – Дониста монед, мулло Соҳиб, мо сармуҳаррир не! – оқибат кафид Ромиз. – Як рўз ҳамааш рўи об барояд; мардум Ромизро ҳам шиносанд, дигаронро ҳам.

3

Онҳо дастҳо ба гардани ҳамдигар гузошта мерафтанд: калавида ва ҳамдигарро муттако шуда мерафтанд. Вале дўғ намезаданд, дашном намекарданд, ба касе зиён намеоварданд, ҳамдигарро «рост ист, худро ҳушёр дор» мегуфтанд ва кашола-кашола қадам мемонданд. «Ман дар умрам ин хел сахт маст нашуда будам» иқрор кард Ромиз. «Ман ҳам... ва туро низ ин зайл сахт маст надида.
будам» гапи Ромизро тасдиқ кард ў.
— Назди театр катӣ нарав, – бозистода хоҳиш кард Ромиз.
— Хуб.
— Агар аз сари роҳамон вай барояд, маро ба ҳоли худ гузор.
— Янга? – аниқ карданӣ шуд Соҳиб.
— А, не. Рафтан гир, ту ин гапро намефаҳмӣ.

пешина
аз 428
навбатӣ