Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Маълум...
Сафар хост, ки шишаи холии дигарро сўи ҷавон андозад, вале ходима мурдаи худро ба вай партофта, оғўш карда, ўро боздошт...
— Ту гўӣ, ки ман дигар шудаам, не, Ромиз, одамон дигар шудаанд; ҳама дигар шудаанд.
— Ҳа-а... гардиши айём одамонро дигар кардааст. Хурду калон баробар. Калон гўяду хурд гўш кунад не; бояд ҳар ду баробар гўянду шунаванд.
— Барои ҳамин якто бардорем! – қадаҳ боло кард Соҳиб.
— Барои чӣ? Барои он ки байни хурду калон ҳурмату эҳтиром намондааст?
— Ман маънии гапи туро ин хел нафаҳмидаам, Ромиз. Хаёлам ту гўӣ, ки баҳсу талоши наслҳо аз байн рафтааст, хурдҳо дигар интизори ба нафақа баромадани калонсолон нашуда, роҳ ёбанд ва мавқеъ пайдо кунанд, хулоса, вулқон барин зада бароянд.
— Аз куҷо вулқон барин зада бароянд?
— Аз куҷо? Вулқон аз куҷо барояд? Аз замини сахт.
— Ҳасанот... Ва зада барояд ҳам.
Ҳоло ҳам овози буфетчӣ паст нашуда буд. Як-як садои дўғу даранги ў боло шуда, ба сўҳбати онҳо халал мерасонд. Гўё сўҳбаташон қатъ гашт: сукут карданд. Ҳар кас ба таври худ фикр мекард; намехостанд, ки ба фикри якдигар халалгор шаванд.
— А, Соҳиб? – тоқат карда натавонист Ромиз.
— Чӣ?
— Наход ту ҳаминро пай бурда бошӣ, ки дар олам соҳибони дилҳои бузург ҳастанд?
— Ёфт шаванд, Ромиз, вале азоб кашанд.,.
Гўё аз ин гап Ромиз ҳушёр гашт ва худро аз хоб хестагӣ барин афшонда ба гап даромад:
— Чӣ хел?
— Бепарво бошанд-ку, хайр, лекин ин хел дилҳо бепарво шуда натавонанд: бепарвоӣ хоси дили бузург нест. Ин хел касон нозук ва зудранҷ шаванд, ба ҳар чиз ҳамроҳ нашуда, ато ба лиқо бахшанд ва бинанд, ки корҳо мувофиқи инсоф нест: баъзан кор дигару гуфтор дигар, ранҷанд. Дар тамоми замонҳо одамони бузург некхоҳ ва некбин буданд...
— Ва ҳастанд ҳам...
— Бале, ҳастанд... Бо онҳо муносибату муомила карданро ҳама надонанд...
— Ту бузург, Соҳиб, файласуф ту.
— Ҳамин хел гап зада метавонистаӣ-ку! Чаро истифода накунӣ?
— Тавонам, лекин накунам. Инро ба гўшат чун сурб бирез:
тавонам, вале накунам. Даст пеши бар, сар хам, хушомад занам, а?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё