Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо назди дарвозаи Мулло-амак расиданд. «Ту даро, ман меравам» гуфт Соҳиб. «Ҳоло касе ба дарвозаи мо омада, хона надаромада, барнагаштааст, медароем!» – гуфта дарвозаро кушод ва Соҳибро кашида дарун даровард ва завҷаашро фарёд кард:
«Саида, куҷоӣ?».
Саида тохта аз хона баромад.
— Саида, Соҳиб маро овард, акнун ман ўро бурда мемонам.
— Як пиёла чой гиретон, сонӣ.
— Лозим не, янга, ман ҳар рўз ҳамин ҷо. Хайр!
— Ман туро мегуселонам...
— Набошад, ҳамроҳ меравем, Ромиз, – хоҳиш кард Саида.
— Ана ин гапи дигар.
То хонаи Соҳиб хеле роҳ буд. Онҳо оҳиста-оҳиста қадам зада мерафтанд. Гап намезаданд, маълум, ки Саида ба сўҳбати онҳо халалгор шуд. Ҳарчанд ки онҳо суст-мерафтанд, Саида шарм карда боз худро ақибтар мекашид ва чунон мерафт, ки аз омаданаш ҳазор пушаймон бошад. Чун ба даромадгоҳи бинои Соҳиб расиданд, Саида пои рафт боздошт. Соҳиб, ки хонааш дар ошёнаи аввал буд, занги дарро пахш кард. Ду-се бор пахш кард ва сонӣ аз дарун садое омад: «Кист?» «Ман. Кушо!» Вале дар боз нашуда ҷавоби дигаре омад:
— Дайдуҳо барин куҷо мегардӣ? Аз куҷое омада бошӣ, ҳамон ҷо бирав!
— Янга, мо ҳам ҳастем! – овоз баровард Ромиз.
Зани Соҳиб дергоҳ овоз набароварда, баъд сахт-сахт калид гардонида, худ тапарросзанон, аз афташ, ба хонаи хоб рафт.
— Марҳамат! – ба хона хонд Соҳиб.
— Не, ташаккур, қавламон то дари хона буд, – рамуз гирифта гуфт Саида.
Онҳо хомўш қадам мезаданд: ҳар ду ҳам аз якдигар ягон сухане гўшдошт буданд, ақаллан дар бораи муомилаи зани Соҳиб, аммо чизе нагуфта, ҳар чизе ки мулоҳиза карданд, дар дил доштанд.
Саида, ки дар умраш миёни андешаи шавҳарашро нашикастааст ва ё ягон бор байни сухани ў гап назадааст, ҳоло низ андешаи ўро дида, хомўширо вайрон накард ва бо вазнинии худ гирифтор буд, ки оҳиста-оҳиста по мепартофт. Чунон по мепартофт, ки замин озор наёбад ва барои он ин қадар оҳиста қадам мемонд, ки андешаи дар бораи Ромиз доштааш аз сар дур нашавад. Рафтору кирдори Ромизро ба таври худ таҳлил мекард, вале намегуфт, ки чаро ин зайл рафтор мекунӣ, чаро худатро ба девонагию оворагӣ зада мегардӣ; чунон ки Ромиз дар бораи одам андеша дошта, ҳама корро ба фаросоти ў ҳавола кунад, Саида низ ҳамон зайл рафтор мекунад. Ў донад, ки ба Ромиз ақл шудани ў аз рўи инсоф ҳам не, аз рўи одоб ҳам, барои ҳамин ором гардад; худаш ягон фикр доштагист гўяд. На ҳама зан чунин фикр кунад; баъзе занҳо бештар ба шавҳарашон ақл шудан хоҳанд ва баъди мазза аз қайла гузаштан фаҳманд, ки дандони ақлашон набаромада ба шавҳарашон «ақл» ёд додаанд.

пешина
аз 428
навбатӣ