Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гўрдара макон будааст.
— Чӣ хел равем, амакҷон? – беқарорӣ кардам.
— Шайтонча, саросема нашав, шумо меҳмони мо. Ман мебарам. Дар ҳамон қуттӣ бор мекунам ва Самарқанду Бухороро тамошо карда, то назди Шералӣ меравӣ.
Қариб фарёд зада будам. На аз он ки назди падарам меравам, аз он ки ба ҳаво мебароям, Самарқанду Бухороро мебинам ва баъд рафта ба ёру ҷўраҳойи мазориам ҳикоят мекунам. Онҳо маро чун падарам марди ҷаҳондида медонанд. Дили кўчакам ба тапиш даромад аз ҳаяҷони сохтайи худам ва по мекўфтам, ки кай вагонча гашта меояд.
Вагонча омад. Амаки Бекмурод ману акоямро дар он шинонд.
Модараму Ҳуснат монданд. Дар афсонаҳо мешунидем, ки одам ба ҳаво меравад. Ҳоло ман худро қаҳрамони афсона мепиндоштам ва ифтихор ҳам мекардам. Аввалин баччаҳойи мазорӣ ба осмон баромаданд. Зиёдтар аз «Гилеми кабуд».
Вале якбора ҳама чиз гум шуд ва ҷойи онро тарс гирифт, ки аз ин баландӣ афтӣ, чӣ мешавӣ. Чашмро пўшидам ба ҷойи тамошо.
Ва боз кушода ба Қоришариф нигаристам, ки тамошо дорад. Ба паст нигаристам, ки модараму Ҳуснатро бинам, наметофтанд.
— Очем! – гуфтам якбора ва бародарам бисёр ором посух дод:
— Меоянд.
Ва дуродурро нигоҳ мекард ва гардан ёзида хестанӣ ҳам буд.
— Ҳан-э! – тарсидам аз рафтори ў; мабод ки афтад, ба шевайи мазорӣ пурсидам ва аз миёнаш сахт доштам, ки наҷунбад.
— Самарқанд метобад, аммо аз Бухоро нишоне нест.
Шўхӣ буд ё ҷиддӣ дили маро ба хурўш овард, ки низ боло шудам ва аком даст ба китфам гузошта пахш карданд, ки шинам...
Ва нав ба хархаша мегузаштем, ки қуттича андар даҳони кондара бозистод. Ду-се нафар он ҷо буданд. Даҳони ғор гўр барин торик буд. Шояд аз ин рў Гўрдара ном ниҳода бошанд? Аз дил гузаронидам ба даҳони сиёҳи кон нигариста ва ҳайрон монда, ки садои марде ҳушёрам кард: «Ин ҷо чӣ кор мекунед?!» Баргашта марди миёнсоли ришдореро дидам, ки ба таҳдид сўйи мо менигарист.
«Додом!»
Баробар гуфтем мо ва фурсати ҷавоби муфассал нашуда ў боз пурсид:
— Кист додот?
— Шералӣ.
— Шералийи мазорийи шикастабанд?
— Ҳо! – Баробар ҷавоб додем мо.
— Чӣ хел шумо... Очатон ҳаст?
— Ҳаст. Ҳолӣ меояд.

пешина
аз 428
навбатӣ