Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— О вай – Шералӣ зан надорам, гуфта, аз ин ҷо зан гирифт...
Ман ба аком нигаристам, аком ба ман. Ва мардак аз гуфта
1 пушаймон гашта худ ба худ ғуррид ва фармуд: «Некӣ, нигарон шавед.»
Нигарон шудем: падарамонро ва ҳам модарамонро, ки бояд ҳамроҳи ду-се занҳойи дигар пиёда меомад. Басти корӣ тамом шуд магар, ки аз кон мардони ҷомайи махсуси корӣ пўшида, дар пешонӣ чароғ, рўйҳо гарди сиёҳӣ гирифта аз кон бурун омаданд.
Ва ҳар кадом ба сўе мерафтанд. Марде сўйи мо омад. Мо ду тан ўро шинохта сўяш паридем.
— Кӣ овард шуморо? – пурсид падарам моро танҳо дида.
— Очем, – посух дод Қоришариф ва ман илова кардам:
— Ҳуснат ҳам омадагӣ.
Падарам дигар чизе нагуфта сар андохт ва ба нўки ботинкааш нигарон монд.
Ҳама ба работи деҳ омаданд. Мо низ. Як хонайи калони сангдевор буд сарпаноҳи коргарони мусофир. Вале он ҷо шаб ба сар набурдем. Моро Устохолиқ боз ба хонайи худ бурд, ки ду писараш дар кон кор мекард. Модараму Ҳуснат низ ҳамроҳи ду-се нафар русзанакҳо он ҷо омаданд. Кайфаш набуд, авзоаш низ беҷо. Нафаҳмидам, ки аз вазъи хонаву одами зиёд феълаш гирифт ва ё Бекмурод ё Устохолиқ аз хусуси падарам чизе ба ў гуфтанд. Меҳмондорӣ, сўҳбати коргарон ва ё ягон чизи дигар маро намегирифт. Ҳушу ёдам ба падараму модарам банд буд, ки бо ҳам чӣ сўҳбату муомила мекунанд. Онҳо чунон бо ҳам муомила мекарданд, ки ду каси қаҳрӣ.
Шаб хусбидем. Падарам дар ду канор ману бародарамро гирифта хобид. Ягон меҳри падариву писарӣ мушоҳида намешуд.
Гўё аз омадани мо шод нест, вале гуфта наметавонист. Ҳамин қадар пай бурдам, ки ташвише дорад. Ў рўболо хобида буд, бар ду дасташ мо.
Ман хуфта будам. Олам хуфта буд. Бехабар аз оламу одам. Ва нафаси гарме маро ба худ овард. Пиндоштам хоб аст. Чашм накушода диққат додам, ки лабони ғафси пурриш ба рўям мерасад ва дур мешавад. Ва чашм нимкоф карда дар партави моҳи аз тиреза воридгашта дидам, ки падарам гоҳ маро мебўсад ва гоҳ бародарамро. Гоҳ Қоришарифро мебўсад, гоҳ маро. Ва нам мерасад ба рўям. Зиёд бўсид падарам моро ва магар сер шуд, ки аввал дасти росташро аз зери сари ман раҳо кард, пасон дасти дигарашро аз таги сари Қоришариф ва даме ситода бо остин сутурд ашкашро ва кўрпайи рўро ба сари сина тела дода, дастон ба бистар тира монда, вазни хешро ба боло кашид ва сари ҷогаҳ нишаст. Хеле
- Ин хел бошад нишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор