Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дур аст, ҷони бобо. Дар кони сурма чӣ кор дорӣ?
— Назди додом меравем, додом дар кон кор мекунад.
— Кист додот?
— Шералӣ. Шералийи Мазорӣ.
— Ҳа-а-а...Шералийи шикастабанд?
— Худи худаш, бобоҷон.
Ва пирмард шумо дар ин вақт ба кон расида наметавонед, гуфта моро ба кулбайи фақиронайи худ бурд. Занмурда будааст.
Духтаронаш оташ афрўхта, ба сандалӣ лахча оварда, моро гарм карданд. Дар партави забонайи чароғи сиёҳ базўр якдигарро медидем. Пирмард пурсид:
— Мулло Афзал сиҳат-саломат?
Модарам посух дод, ки сиҳат-саломат. Аммо нагуфт, ки мо аз мулло Афзал панҷоҳ сўм қарз гирифта омадем. Ва баъд пирмард афзуд, ки мо ҳарду ҳунари дуторнавозӣ дорем, аз ин рў шинос шуда будем. «Номи ман Усто Холиқ. Саломи маро расонед...»
Ҳангоми гусел пирмард боз чизе гуфтанӣ шуд, аммо лаб газид.
Дигар чиз гуфт: «Дар шаҳрҳойи мусофирӣ хафа нашавед.» Ишора ба чизе буд, аммо маънийи ишорайи ўро нафаҳмидем. Шояд модарам пай бурду нагуфт.
Ва мо кўлҳойи зебойи Ҳафткўл – Соя, Мижгон ва Нофинро гузашта ба дасти рост гаштем, ҷониби Гўрдара. Раҳораҳ ҳушу ёдам ба обу рангу сояву ситорапаррони кўлҳо буд. Яке аз дигаре дилработар.
— Эй мазориҳо! – садо омад аз ҷое ки симтаноб аз қаъри замин баромада ба фарқи осмон мерафт ва ақлу ҳуши моро рабуда буд, ки чӣ гуна қуттӣ бо таноб боло раваду поён ояд ва одам барад.
Даҳонамон воз, тамошо мекардем аввалин мўъҷизайи дасти инсонро. – Шербаччаҳо ин ҷо чӣ кор мекунед?
— Акойи Бекмурод, – оҳиста гуфт модарамон. Мо ҳамдиёрамонро дидем, ки дастгоҳи ҳавойиро идора мекунад.
Пасон ба пурсуҷў даромадем:
— Акойи Бекмурод, нағз ҳастид? – одоб кард модарам.
— Шукри худо. Шумо дар ин ҷоҳо чӣ гум кардид?
— Башкон додо гум кардаанд.
— Ҳааа, додо дар Гўрдара.
Ман, ки бо ин ном ошно набудам, ҷавоби амаки Бекмурод сахт расид. Гумонам падарамро мурда гуфт. Баргашта ба бародарам нигаристам, ки рафту омади қуттийи ҳавойиро тамошо дорад ва аз посухи мардак чизе нафаҳмид, ки бепарво. Баъд ў шарҳ дод рўяшро ба ҷониби кўҳ гардонида.
— Танобро мебинед? Ана ҳамин роҳи ҳавойӣ ба Гўрдара мебарад.
Акнун андаке сарфаҳм рафта қад-қади ресмони ҳавойӣ дида давондам то қуллайи баланди кўҳ. Сонӣ сўйи амаки Бекмурод нигаристам, ки беҳуда ранҷидам аз сухани он кас.

пешина
аз 428
навбатӣ