Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Худаша ки дидӣ, мепурсӣ. Дили додота худо надонад, бандеш намедонад.
Ман чунин хислати падарамро медонистам: ба ҳар кас ҳар чиз намегўяд ва ба кори дигарон шарик намешавад, он чӣ мехоҳад, ҳамон мешавад. Аз ин рў хомўш мондам. Вагарна дар дилам он қадар савол доштам, ки аз Мазор то Гўрдара пурсаму посух гирам ҳам, тамом намешуд. Ё як бор мепурсидам, модарам ягон ҷавоби базарда ё кинояомез медод ё талх мегуфт ва ё дашном медод падарамро ва бо ҳамин...
Наааа... айб дар дигар ҷо низ бояд бошад. Модарам аз падарам ҳам шахзабон. Аз касе паст омадан намехоҳад. Хешро аз мардон кам намедонад. Ҳама гуна кор аз дасташ меояд. Корҳойи саҳроийи колхоз як тараф; санг мешиканад, девор мечинад, хона мепўшад, ҳезум тайёр мекунад... Вале ҳоло чаро ин қадар машаққат кашида аз пайи падарам меравад, намефаҳмам. Кошкӣ як сухани хуб шунавад аз ў ё ягон ҳарфи ширин гўяд ба ў. Ягон чиз ҳаст, ки мо кўдакон намефаҳмем.
— А ако?
— Чӣ?
— Ин қадар азоб чӣ лозим? Ягон рўз худи додом даромада меомад-дия.
— Не, додот дигар намеояд. Оварданд, ки зан гирифтааст...
– кафид модарам.
Равшан шуд. Ҳоҷат ба пурсу посух нест. Дами ҳамаамон дарун зад. Ба назарам ман хурди хурд шудам. Фарохтар ва бардамбардам по партофта наметавонистам. «Баъд чӣ мешавад?» ҳамин чизро донистам мехостам. Аммо натавонистам пурсам. Шояд хуб шавад... Дунёйи худам буд, дунёйи баччагӣ. Вале зиёд мехостам донам, ки бародари бузургам Қоришариф чӣ назаре дорад. Гўё чизе нашунидам ва маро таъсире нарасида бозӣ-бозӣ гирд гашта авзои ўро дидам: сархам, гирифта ва лоғар по мепартофт. Ҳуснати хурдакак ба ин чизҳо сарфаҳм намерафт.
Модарам ба сад ранг мегашт ва мани дар санъати тасвирӣ бесавод намефаҳмидам мазмуни рангҳоро. Танҳо сурху сапед ва сиёҳ гаштани пўсти рўйи ўро пай мебурдам, ки чӣ маънӣ дорад.
Вале дам карда ва оҳ кашидану рўймол аз гардан кушодани ўро тахмин мекардам. Нафасаш танг шуда дар гулўяш. Ҳолиё ё аз ў шаллоқ мебинам ё аз Қоришариф, ки бало мехезонам. Шайтонча, хап равӣ дар роҳ чӣ мешавад? Як умр ягон хархаша мехезонад ё коре мекунад, ки бойиси нохушӣ гардад.
Ва ҳамайи он чизҳо як пардайи азими тира гашт, ки рўйи дарайи на чандон фарохи Шинг ва Рашнайи Поёнро пўшид. Мо ҷойи рафт надоштем. Ҳайрон мондем дар кўча. Пирамарде пайдо шуд.
Қоришариф пеш рафта боадабона салом дод ва пурсид:
— Бобо, кони сурма аз ин ҷо дур аст?

пешина
аз 428
навбатӣ