Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Модарам ҷавонзани барбастайи бақувват миён бо камарбанди латтагин, ки хоси занони кўҳистон аст, сахт баста ва бардам-бардам қадам мезанад ва ман гўшайи чашм ба пойи равони ў андохта, хаёл мебарадам, ки зудтар расидан мехоҳад ба падарам. Вале Ҳуснат бори гарон метобад бо чунин пойпартойӣ ва ба дўши модараму бародарам бор шуданҳо. Ман бори хешро базўр мекашам. Поям ба по мепечад. «Пойи ман бо сангкўб аз хурдӣ одат кардааст, Гар зи санги роҳ тарсам, аз кўҳистон нестам!» Вале чун симойи падарамро пеши назар меовардам ва пазмонийи модарамро мушоҳида мекардам, қадамам қавитар мегашт ва чун марди роҳ бардам-бардам по мебардоштам. Сина пеш дамида ва ҳатто баъзан ҷомайи кўҳна аз тан кашиданӣ шуда сўйи модар менигаристам ва ў «Шамол мезанад. Хап ист, аз ҳамин рўзам ҳам намонам» мегуфт. Модарам одати маро медонист, ки ҳар лаҳза метавонистам коре кунам, ки дар ҳеҷ зарфе нагунҷад.
Мисли меҳмонравиҳо: модарам пеш аз хонайи касе рафтан таъкид мекард, ки боз дар меҳмонӣ беодобӣ накунӣ! Ман ваъда медодам, ки коре намекунам. Баъд соҳибхона ҳар чӣ рўйи хон мегузошт, бе пўшт-пўшт аз они ман мешуд. Чанг зада мегирифтам. Модарам аз зери сандалӣ даст ёзида поямро мепучид ва ман сирри ўро фош мекардам: «Поямро напуч, оча! Дигар намегирам!» Ва чандин вақт аз меҳмонӣ маҳрум мешудам.
Ағбайи Пилларо гузашта ба деҳайи Филмандар расидем. Модарам гуфт, ки дар ин деҳа апахонди падарат ҳаст. Гуландом ном дорад. Ба хонайи ў рафтем. Хўе, ки бо хун ба тан дарояд, бо ҷон барояд; он шаб боз модарамро ғам додам ва ў боз аз даруни сандалӣ пойи маро пучид. Ва фардо гоҳе ки ба роҳ афтодем, боз модарам маро навохт. Боз ҳама гуфтаҳояшро такрор кард ва ашк рехт. Ман боз ваъда додам, ки сад бор тавба кардаму дигар намекунам. Ман он гоҳ дарёфтам, ки одамизода сахтҷон аст. Аз субҳ то шом қадам мезадем, аз ҳолат равем ҳам, боз ба умеди дидори падар ҷон мегирифтем ва пеш мерафтем. Аввалин бор донистам, ки умед чист... Косатарош, Вағаштон ва Шингро гузашта омадем ба Рашнайи Поён. Дар тўли роҳ чиҳо дидам, чӣ баҳраҳо бардоштам, худам медонам. Нахустин сафари дур ва ҷаҳонгардийи мо буд. Ва сахтҷонийи модар, матонати занро он гоҳ дарёфтам. Медонистам, ки падарам марди нотакрор, нотарс, пурғазаб, бадҷаҳл, пурзўр, якрав, шахгардан, якқавлу якрў... ва шояд бо чунин феълу атвор бо ҳар кас созиш карда натавонад ва сабаби ба кон рафтанаш низ ҳамин бошад. Аммо андеша мекардам, ки чаро соле гузашта ў ёди зану фарзанд намекунад?
— А, оча?
— Чӣ мегўйӣ?
— Додом қаҳр кардагӣ ё аз мо безор, ё чизи дигар?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор