Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Баччагиҳоятон дар ҳамон кўҳу пушта ва он даштҳо гу зашт?
– Сўйи Мазор ва кўҳи Чилмеҳроб, Ҷангали Лайлӣ ва Санги осиё нигоҳ карда пурсидам ва ако мадд кашида «Ҳа-ааа» гуфтанд ва афзуданд:
— Он ҷойҳо ману Лоиқро хуб мешиносанд. Лоиқ ҳам он ҷойҳоро дар назар дорад ва яклухт ёд меорад. Шеър-дия, ҳамин хел талаб мекунад. Мисли шумо ҳар сангу рангу кўҳу камарро ном ба ном намегўяд; Мазори Шариф мегўяд, Чилмеҳроб мегўяд, Модар мегўяд, Падар мегўяд... ва зери ҳамин ифодаҳо шарҳи ҳолашро, қиссаҳойи баччагиашро, азобу шиканҷаву озори дили абгорашро баён месозад. Шарҳи ҳоли ҳама адибонро хондам. Ба назарам аз Лоиқ озурдадилтар нест. Вале аз ваҷоҳату гиру мон ва ҷуръату родмардиаш чунин ба назар мерасад, ки шертар аз Лоиқ касе нест. Бебоку шуҷоъу нотарс метобад. Зеро дар азобу машаққатҳо бузург шуд.
— Лоиқ ҳар гоҳ мегўянд, ки каллайи аком аз каллайи ман зўртар аст. Баройи он ки ман хонам, ў ҳама чизро баройи ман қурбон кард?
— Ман намедонам, ки каллайи ў зўр ё каллайи ман, аммо медонам, ки агар ман ҳам баъди омўзишгоҳ ба хондан мерафтам, ба модари танҳоям каси нигаҳбон набуд. Муаллим шудам...
— Ва ҳар гоҳ ба Лоиқ пул мефиристодед, ки хонад...
— Илоҷи дигар набуд. Яке аз мо бояд кор мекардем. Ва хуб шуд, ки Лоиқ хонд.
— Лоиқ зиёд мегўяд, ки аком худашро баройи ман қурбон кард. – Ба такрор мегўям ман.
— Ў мегўяд, вале ҳар чӣ шудем, аз дасти модарамон шудем.
Беҳуда модарро Лоиқ «модари диловари ман» намегўяд. Сабаб дорад:
«Падарам ғайб зад. Ба мо гуфтанд, ки бо сарвари ҷамоайи Мазор муросо карда натавониста аз деҳа рафтааст ва дар кони сурмайи Рашнайи Боло кор пайдо кардааст. Вале модарам менолид, ки аз паси кадом бева кашола шуда рафтааст. Сол сипарӣ шуд, дараке аз ў нест. Таътили зимистона буд. Мо аз пайи ҷустуҷўйи падар шудем. Модарам, Қоришарифи дувоздаҳсола, мани нўҳсола ва хоҳари хурдам Ҳуснат деҳа ба деҳа, манзил ба манзил, рўд ба рўд, раҳ ба раҳ пурсону ҷўё – номи Шералийи шикастабанд дар забон, Рашнайи Боло дар куҷо, гўён роҳ месипардем пиёда. Ҳаво сард буд. Роҳ тўлонӣ, деҳот зиёд, пайроҳаҳойи кўҳӣ чапғалат.
Каси нобалад наметавонист пайдо кунад роҳи асосиро. Модари нотарси мардмиҷозам талу теппаҳоро, сойу сойчаҳоро паймуда роҳро миёнбур мебурданд, то зудтар расем. Сару либос, пойафзол, каллапўш ва тўшаву зоти сафари моро ҷойи сухан нест. Касони дида пиндоранд ҷўгӣ сафар баста. Мани гўл хаёл мекардам модарам пазмон шуда падарамро, аз ин рў ин машаққатро раво донистааст.

пешина
аз 428
навбатӣ