Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ овардед? – чӣ калимаҳойи тоза оварданамро дар назар дошта пурсид устод.
— Овардам, зиёд овардам, ҷайбатонро холӣ мекунад.
— Арзанда бошад, холӣ кунад.
Шарти бозийи мо чунин буд: ҳар кас калимайи хуби тоҷикӣ пайдо кунад ва ин калима калимаҳойи нохуби аз дигар забонҳо ба таркиби забони мо дохилшударо аваз карда тавонад, як сўм ҳақ мегирад. Зеро мардуми мо ба забони модарӣ сухан мекунем, гуфта якбора ба чандин забон ҳарф мезананд: порсӣ, арабӣ, туркӣ, русӣ.
— Даҳана, – гуфтам.
— Ин калимаро кӣ намедонад?
— Агар донед, маъниҳояшро бигўед.
— Номи деҳа дар Варзоб; зарф, ки ба даҳони шиша гузошта равған ё моеъ резанд; сари ҷўйбор... боз чӣ?
— Калимайи «сўлуқ»-и туркӣ низ ба тоҷикӣ «даҳана» ном дорад.
— Офарин. Боз чӣ?
— Лолахасак.
— Сўг.
— Аз «Шоҳнома» ба ҷойи қилтиқ.
— Ҷигот.
— Дар забони халқ зинда, ба ҷойи қавоқ.
— Пас баройи шумо калимайи нав пайдо кардан амрест муҳол.
«Гардсўз»
— Орди бирён, ки атола пазанд.
— Тоқиворӣ.
— Ба ҷойи иртиш.
— Занкалон.
— Яъне зан дар сол бузург аз шўй.
— На. Марде, ки дар итоати зан бошад.
— Хуб.
Ва идома меёфт «шоҳномахонийи» мо:
— Пешдод.
— Шояд чизи пешакӣ дода бошад?
— Бале, ба ҷойи аванси русӣ.
— Дар чунин маврид ба ман пешпардохт маъқул.
— Саҳеҳ, пешпардохт ба ҷойи передоплата хубтар аст.
— Бошад. – мувофиқ меомадем ҳарду ва бисёр рух медиҳад чунин сўҳбат. Ҳоло баройи Устод чанд калимайи халқӣ мебарам:
Гулбасар – навъи хўрок дар Масчоҳ. Пешмарг – қурбон шудан; пеши пой мурдан; пеш аз касе мурдан... Шояд яке барояшон нав набошад. Баройи сўҳбат ва кафшери сухан хуб аст.
— А, ако?
— Лаббай!

пешина
аз 428
навбатӣ