Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Беҳад зебо.
— Не. Қариб каси дар Мазор хабар медодагӣ нест. Ҳама кўч
1 баста ё ба Ғўсар фаромадаанд ва ё ба Баҳор.
Хомўш мемонем. Беихтиёр гази мошинро боло мекунам, то зудтар Устодро дарёбем, ки дар чӣ ҳоланд. Токзорҳойи «Марғедар» мисли қартайи патифон гирд гашта пас мемонанд ва ба хаёл меравам, ки занги дари устодро пахш мекунам ва шарфайи пое баромада садо меояд: «Дар кушода!»
Дарро тела дода медароям, дар дасти устод кадом луғатнома ё китоби тозанашр, ангушти ишорат миёни варақҳо мистар гашта ва дар дасти дигарашон хомайи навпайзада, айнак дар чашм аз болойи ҳадақа менигаранд ба ман ва мефармоянд:
— Устод Айнӣ дар луғатномаашон бойчечакро наргис шарҳ додаанд. Шумо чӣ мегўед.
— Ҳарчӣ Устод Айнӣ фармоянд, саҳеҳ бувад. Эшон насанҷида ва бе бурҳон қотеъ намекунанд... Вале ман дар ҷое дарёфтаам, ки «баҳман» гўянд. – Гуфтам ва афзудам: – Баҳманмоҳ, шоҳ Баҳман,бурҷи Баҳман...
— Баҳманёр... – сухани маро бурида нимшўхӣ илова карданд ва бо тезийи хома ишора намуданд, ки ба толор дароям.
Дар хонайи фароху барҳаво рўйи қолийи бузургу мунаққаш нусхайи модар буд даст пеши бар. Аксбардорийи равоншод Олимпур. «Хуш омадед!» мегуфт. Рў ба рў тори дар акси ҷавонийи Лоиқ. Ва бар ҷомҳо суратҳойи даврони гуногуни ў. Ба модар нигариста, мехонад:

«Қиблагоҳам!
Модари олампаноҳам!
Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар истодастӣ ҳанўз...»

Қарта: Садойи Афзалшо меояд:

«Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ,
Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесароӣ:
Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад...»
2
Сипас менишастем рў ба рў ва «шоҳномахонийи» мо идома меёфт:

  1. Баҳор деҳайи навободи мазориҳойи кўчида, ки устод Лоиқ ҳамвазни Мазор номгузорӣ кардааст.
  2. Мурод мисли калимаҳойи «Шоҳнома» пайдо кардани калимаҳойи нобу асили порсӣ – тоҷикӣ.
пешина
аз 428
навбатӣ