Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ман аст. Лоиқро оҳиста ба замин гузошта, ба баччаҳо гуфтам, ки ҷойи маро ба падарам нанамоянд ва гурехтам. Аз нав ҷониби кўҳ гурехтам. Зеро медонистам, чун падарам маро дарёбад, рўзам бадтар шавад аз рўзи Лоиқ. Падарам сари ғазаб бошад, бераҳмтар аз ў касе нест...
Идомайи кор чӣ шуд, надидам. Баъд Лоиқ ба ман гуфт: «Падарам даррасид, базўр ҳарфҳояш ба гўшам медаромад: «Гўшт пухтас-э» гуфт ва патрони пошна ба бозу фурўрафтаро пуршаст кашида гирифт. Дар кисааш андохт: «Ҳушаш ояд, нишон медиҳам»
гуфт. Ва боз садояш омад: «Нондон сиҳат, бало намезанад!» ва садояш меомад, ки бародарам Шарифро меҷуст...»
Баъди се рўз модарам маро пайдо карда ба хона овард. Падарам набуд.
Лоиқ аз як марг раҳид.
— Ако!
— Лаббай!
— Лоиқро хубтар аз шумо касе медониста бошад?
— Магар шумо... Чил сол боз шумо наздиктар аз ман.
— Шояд Ҷамшед...
— Не, амакҷон. Додомро хубтар аз шумо ва шуморо хубтар аз додом касе намедонад. Ман баъзан наззора мекунам сўҳбату имову ишораҳойи ҳар дуятонро. Шумо «А?» мегўед ва додом «Ҳа!» ва дар ин ду ҳарф он қадар чизу мазмун, сўҳбат ва маънӣ мегунҷад, ки дар китоб намегунҷад. Ё додом ба касе, ё чизе, ё ҷое менигаранд ва шумо ба ишорайи сар радду бадал мекунед фикру андешайи он касро. Ба ҷўрагиву бародарийи шумо бисёр касон ҳасад мебаранд. Ман надидаам ё нашунидаам, ки боре миёни шумо тую ман шуда бошад...
— Ҳар кас ҷўрадорӣ карда наметавонад. – луқма доданд ако.
–Ҷўрадорӣ дигар асту ҷўрабозӣ дигар.
Ако – омўзгор. Ба замми он ҳунарманд: шикастабанд, дуредгар, осиёсозу осиёбон; одам месозаду ҷон ато карда наметавонад.
Бамағз, зирак, пухта ва кордон. Каллааш хуб кор мекунад чун каллайи Лоиқ. Ин чиз атойи худо ва ирсист. Ҳар гоҳ Лоиқ каллайи додом зўр, калламағз буд, мегўяд. Ва бештар ҳушу ёди модараш Бибӣ Заҳроро ситойиш мекунад. Ва зотан мазориҳо ба сухан ҷома мепўшонанд. Ҳарфи касеро намехўранд ва аз касе муттаҳам будан намехоҳанд ва хурду бузург, сардору зердастро фарқ намекунанд.
Ҳатто ба номи Лоиқ барин аллома санги маломат андохта буданд замоне...
— Ако, касеро аз Мазор пайғом намедиҳед? – лавҳайи сари роҳро дида пурсидам: «Мазор» навишта шуда дар тунукайи сари мўла ва ишора ба дасти рост аст. Тақрибан ним фарсах болотар деҳайи хушманзари Мазори Шариф. На, деҳа чандон хушманзар на, мазораш хушманзар. Дар ягон гўшайи олам чунин нест, ки гўристонаш сабзу хуррам бошад ва аз ҳад зиёд булбулон шаборўз чаҳ-чаҳ зананд.

пешина
аз 428
навбатӣ