Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

лаҳо, аз паси бандинаву дараву кўзайи об, аз паси хўшачинӣ, муште ҷав ё гандум, косае шир; ҷуволе коҳ, ҷуволе саргин, банде алаф, дарзае ҳезуму хорча... лаби домони модар, аз паси падар...
баччагӣ гузашт. Ин чизҳоро хубтар аз ҳама бародар Қоришариф медонад; мо шунидаем, ў дидааст.
— А ако!?
— Лаббай!
— «Баччагиаш бекасу танҳо гузашт?...»
— Танҳо не, бо ман буд... Рост мегўяд... Бо ман ҳам ки буд, танҳо буд...
— Ҳикояҳойи баччагиро гуфтан лозим, ако.
— Маслиҳат ҳамон маслиҳат: дар шастсолагиаш бояд нависем.
— Дер мешавад, ако. Дар шастсолагӣ бояд чоп шавад.
— Худо хоҳад:
Мо ду бародар барраву бузғола бонӣ мекардем. Аз камарҳойи
1 кўҳи Чилмеҳроб кучула меҷустем. Пайдо мекардему раҳо ва тамошо доштем, ки чун ин ҷонвари хурд пеш на, пас-пас рафта боз зери регу хок мешавад ва мағоки хурде асар аз хеш мегузорад, ки ҳусни рўйро мемонад. Боре ба ҷойи кучула патроне баромад аз зери хок. Тир дошт. Ман гўгирд доштам; аз эҳтиёт, ки сармо ва боду борон шавад, дар камарҳо оташ афрўхта гарм шавем.
Чунин ҳам шуд: оташ афрўхтем. Лахча шуд ва патронро ба оташ гузоштем. Патрони зангзада. Шояд аз кадом гурезайи замони ҷанг боқӣ монда бошад. Даҳони патронро сўйи деҳа гардонида нигарон шудем, ки патрон метаркад, садо мебарорад ва мазориҳо боз ҷанг сар шуд гуфта ба дара меоянд ва...
Ва натаркид патрон. Оташи хору хас ҳам хомўш гашт. Ман ҳезумчинӣ рафтам, то аз нав оташ афрўхта он патрони кўҳнаву зангзадаро парронем. Ҳанўз чўбу чингае начида аз паси сарам садо баромад ва садойи Лоиқ бар он ҷўр шуд. Баргашта нигаристам, ки Лоиқи хурдакак ба замин вовайло меравад. Тохтам. Пошнайи патрон дар бозуйи чапи Лоиқ фурў рафта буд ва ў аллакай намеҷунбид. Тарсидам: аз мурдани Лоиқ на, аз дуову фиғони модар на, аз гапу калочайи мардум на, аз сиёсати падар, аз ҷабри ў, аз бераҳмиву беамонийи ў тарсидам, ки ман ҳам баробари Лоиқ хоҳам мурд.
Бузғолабонони дигар ҷамъ омаданд. Чандеро деҳа фиристодам, то огоҳ кунад падарамро. Худам Лоиқро пуштора гирифтам.
Нафаси гармаш паси гарданам расид. Шод шудам, ки зинда. Ман ўро сарнишеб мебурдам. Аз паст чанд тан сарболо меомаданд.
Пешопеш падарам. Тановар, таҳамтан, мисли шери жаён меомад ва ман пай бурдам, ки ғазабаш на аз мурдани Лоиқ, балки бар
- Ҳашарайи тортанакмонанди хокиранг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор