Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Самолёт аз замин баланд шуд. Рўи шаҳрро як давр зад, қад-қади водии Ҳисор парвозӣ шуда, аз болои кўҳҳои баланд убур кард.
Ромиз ба ҳамсояю ҳампаҳлў нигарист: шоҳмот бозӣ мекарданд, мехонданд, чашм пўшида худро ба хоб мезаданд; ҷавонмарде, ки паҳлўи ў менишаст, менавишт; як дафтари калонро бароварда, таърихи рўзро монда менавишт, баъзан дуздида ба Ромиз менигарист ва боз менавишт, вале маълум набуд, ки чӣ менависад.
Ромиз муттакои курсиро пушт партофта, баҳузур шуд, то дам гирад, зеро дар пеш ташвиши зиёде ҳаст... Ў чашмонашро пўшид; чанд лаҳзаи рўзҳои охир пеши назар омад ва фикраш тез кор кард, гўё қисмҳои гузаштаи филмро ҷо-ҷо нишон дода, қисми навро сар мекарда бошанд: «Ба одам дўст ҳам лозим», сухани Ҷаҳоноро андешаҳои ўро боздошт. Ромиз ин чизро ҳам зуд паси сар кард ва хаёлаш ба театру тамошобинону моноспектаклаш банд шуд.
Пеши назар овард, ки намоиш чӣ гуна бояд гузарад. Ҳоло нуқтаи баланди ҳунарварии ў бояд ба тамошбинон манзур шавад... Ромиз танҳо, вале ба ҷои як даста артистон мерафтагӣ барин; агар ягон песаи дигарро барои Маскав пешниҳод мекарданд, албатта як гурўҳ мерафтанд, вале Ромиз ба ҷои ҳамаи онҳо меравад, ҳатто ба ҷои як дастае ки песаи «Рўдакӣ»-ро ба саҳна гузоштанд... Аз ин рў ў чашм накушода андеша кунад, ки ба ҷои ҳамаи онҳо дар саҳнаи Театри Вахтангов ҳунарнамоӣ мекунад:
«Эй Маҷ, кунун ту шеъри ман аз бар куну бихон,
Аз ман дилу сиголиш, аз ту тану равон.
Кўрӣ кунему бода хурему бувем шод,
Бўса диҳем бар ду лабони паривашон».
Рўи саҳна омада хонад ў. Чашмони Рўдакӣ хуншор. Бо дасти чап дастаи китобро ба сари сина пахш кунад ва бо дасти рост
Маҷро ҷўяд...
«На! На чунин!» гўё ба ҳамроҳи паҳлўнишаста мегуфта бошад, дод зада чашм кушод. Ҳамсафар ба ў бо ҳайрат нигарист: «Шумо солим ҳастед?» Ромиз ўро ҷавоб нагуфт. Боз ба муттакои курсӣ тахтапушт пахш карда чашм пўшид ва фикрашро ҷамъ оварда, рўи саҳнаи театр шуд: Саҳнаҳои якуму дуввум барои ў такрор, вале саҳнаи саввум мушкилтар: саҳнаи беруни дарбор...
Аз паси парда садои фиғони шоир ояд. «Вой, чашмакам! Чашмамро кўр карданд!» Ба саҳна барояд. Як даст ба китоб, дасти дигар бар чашм. Даст аз чашм бардорад, аз чашм хун шорад. «Нури чашмамро гирифтанд, вале чашми диламро равшан карданд...
Маҷ! Эй Маҷ,!» ба ҳавои даст ўро ҷўё шавад; «Омадӣ?» пурсад ва шеър хонад. «Эй Маҷ!». Дастор ба гарданаш ҳалқа афтодаст, аммо дуруст карда натавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор